ДУШАНБЕ. ҲАМОИШИ ШУРОИ ҲАМОҲАНГСОЗИИ БАЙНИДАВЛАТӢ

29 сентябр 2025, Душанбе
22


25-уми сентябр дар шаҳри Душанбе ҷаласаи навбатии Шурои ҳамоҳангсозии байнидавлатии роҳбарони мақомоти назорати суғуртавии давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид.

Муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Далер Муродализода зимни суханронӣ зикр намуд, ки бозори суғурта дар иқтисоди ҳар кишвар нақши калидӣ дорад, он ҳимояи манфиатҳои шаҳрвандон ва соҳибкоронро таъмин намуда, ба рушди соҳибкорӣ ва таҳкими устувории молиявии кишвар мусоидат мекунад. Дар ин замина, барои Ҷумҳурии Тоҷикистон рушди бозори суғурта яке аз унсурҳои муҳими тақвияти иқтисоди миллӣ ва беҳбудии сатҳи зиндагии мардум ба ҳисоб меравад. Аз ҷумла, бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва талошҳои Бонки миллии Тоҷикистон ҳамчун мақоми назорати суғуртавӣ, аз соли 2017 то имрӯз ҳаҷми бозори суғурта тақрибан 4,3 маротиба афзуд ва қонунгузории дахлдори кишвар такмил дода шуд. Инчунин, инфрасохтори зарурӣ, усулҳои муосири назорат ва платформаҳои рақамии танзими равандҳои суғурта роҳандозӣ гардиданд. Табиист, ки ин гуна тадбирҳо эътимоди шаҳрвандон ва сармоягузоронро боз ҳам бештар менамояд.
Дар ҷаласа таъкид гардид, ки Шурои ҳамоҳангсозии байнидавлатӣ ба табодули таҷриба, ҳамоҳангсозии равишҳо ва таҳияи қарорҳои муштарак, инчунин, таҳкими суботи молиявии тамоми минтақа мусоидат мекунад.
Далер Муродализода иброз дошт, ки мавзуъҳои мавриди баррасӣ - аз такмили қонунгузорӣ то истифодаи технологияҳои муосир, барои қабули қарорҳои мушаххас ва рушди минбаъдаи бахши суғурта дар кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил заминаи мусоид фароҳам мекунад.
Хотиррасон менамоем, ки ҷаласаи XXI Шурои ҳамоҳангсозии байнидавлатии роҳбарони мақомоти назорати суғуртавии давлатҳои иштирокдори ИДМ ва семинари XIV барои роҳбарони зерсохторҳои мақомоти назорати суғуртавии давлатҳои иштирокдори ИДМ дар доираи Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Консепсияи раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ИДМ дар соли 2025-ум 25-26-уми сентябри соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор гардид.
PS: Шурои ҳамоҳангсозии байнидавлатии роҳбарони мақомоти назорати суғуртавии давлатҳои иштирокдори ИДМ бо қарори Шурои роҳбарони ҳукуматҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз 3-юми июни соли 2005 дар бораи созмон додани Шурои ҳамоҳангсозии байнидавлатии мақомоти назорати суғуртавии давлатҳои иштирокдори ИДМ ташкил гардида, ҳадафи он ҳамгироии фаъолият ҷиҳати рушди соҳаи суғуртаи минтақа, такмили муносибатҳои бисёрҷонибаи мақомоти дахлдори кишварҳои ИДМ, табодули таҷриба, амалӣ намудани барномаҳои таълимӣ ва дигар масъалаҳо мебошад.
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА,
“Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 29.09.2025 №: 187