Ҷаласаи ғайринавбатии Шурои Маҷлиси намояндагон

30 сентябр 2025, Сешанбе
20


Таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ Файзалӣ Идизода ҷаласаи Шурои МН МО ҶТ, даъвати ҳафтум, баргузор гардид.
Тибқи иттилои хабарнигори парлумонии «Ҷумҳурият», дар ҷаласаи Шуро лоиҳаи як қатор қонуну қарорҳои Маҷлиси намояндагон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Ҳамзамон, чанд созишномаи сармоягузорӣ ва қарзӣ баррасӣ шуданд.


Ҷаласаи Шурои сарварони ҳукуматҳои ИДМ
«29-уми сентябр дар шаҳри Минск ҷаласаи навбатии Шурои сарварони ҳукуматҳои ИДМ баргузор шуд», – хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Дар ҷаласа ҳамкориҳо дар соҳаи илму техника, хоҷагии ҷангал ва саноати ҷангал, технологияҳои рақамӣ, кишоварзӣ, сохтмон ва истифодаи осоиштаи энергияи атомӣ баррасӣ шуданд. Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи марҳалаи дуюми Стратегияи рушди иқтисодии Иттиҳод то соли 2030 ва Нақшаи чорабиниҳо оид ба омодагӣ ва татбиқи Соли ҳифзи саломатӣ дар соли 2026 муҳокима ва тасдиқ шуданд.


Таҷлили Рӯзи кормандони хизмати дипломатӣ дар Вазорати корҳои хориҷӣ
Дирӯз дар Вазорати корҳои хориҷӣ бахшида ба Рӯзи кормандони хизмати дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ баргузор гашт.
Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин зимни он таъкид кард, ки имрӯз таҳти роҳбарии дурбинонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дипломатияи тоҷик дар асоси сиёсати «дарҳои кушода» ба як абзори муассир дар тақвияти давлатдорӣ, таҳкими мавқеъ ва пешбурди манфиатҳои миллии мамлакат дар арсаи байналмилалӣ табдил ёфтааст.


Иҷлосияи навбатии Шурои байниҳукуматӣ оид ба иктишоф, истифода ва ҳифзи қаъри замини ИДМ
Дар шаҳри Остона иҷлосияи навбатии Шурои байниҳукуматии ИДМ оид ба иктишоф, истифода ва ҳифзи қаъри замин доир гардид.
Дар ин чорабинии сатҳи баланди соҳаи геология ва кӯҳкорӣ ҳайати Тоҷикистон таҳти роҳбарии сардори Саридораи геология Илҳом Оймуҳаммадзода иштирок намуд.
Тавре аз маркази матбуоти Саридора ба хабарнигори мо иттилоъ доданд, дар иҷлосия дар бораи фаъолияти Шурои байниҳукуматӣ дар давраи солҳои 2024-2025 гузориш пешниҳод шуда, ба дурнамои тавсеаи ҳамкории хадамоти геологии кишварҳои аъзои Иттиҳод барои ҳалли мушкилоти нави геологӣ дар шароити дигаргунсозиҳо ва рушди босуръати соҳа таваҷҷуҳ зоҳир гардид.


Омодагӣ ба Форуми байналмилалии сармоягузории «Душанбе инвест-2025»
29-уми сентябр таҳти роҳбарии муовини якуми раиси шаҳри Душанбе Бахтиёр Шарифӣ ҷаласаи навбатии Кумитаи тадорукот оид ба омодагӣ ба баргузор намудани Форуми байналмилалии сармоягузории «Душанбе инвест – 2025» баргузор гашт.
Аз шуъбаи иттилооти МИМҲД шаҳри Душанбе ба хабарнигори «Ҷумҳурият» хабар доданд, ки зимни ҷаласа масъалаҳо марбут ба омодагии ҳамаҷониба ва дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор намудани Форум мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ба масъулон барои иҷрои саривақтии бандҳои нақшаи чорабиниҳо ва ҳамоҳангсозии фаъолияти сохторҳои дахлдор дастуру супоришҳои мушаххас дода шуданд.


Афзоиши шумораи мусофиркашонӣ
«Моҳҳои январ-августи соли 2025 шумораи мусофиркашонӣ тавассути нақлиёт нисбат ба ҳамин давраи соли 2024-ум 10,2 фоиз зиёд аст. Яъне, тавассути ҳамаи намуди нақлиёт ба зиёда аз 695,3 миллион нафар мусофир хизмат расонда шуд», – иттилоъ додааст Агентии омор.
Мувофиқи маълумоти Агентӣ, давоми ҳашт моҳи соли 2025 мусофиркашонӣ бо нақлиёти хушкигард дар ҷумҳурӣ нақши муҳим дорад. Ин аст, ки таносуби он 99,9 фоизи ҳаҷми умумии мусофиркашонии ҳамаи намуди нақлиётро ташкил медиҳад.


Омодасозии лоиҳаи шартӣ барои вокуниш ба ҳолатҳои фавқулода
Дирӯз раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ Раҳмоналӣ Раҷабалӣ бо сафири фавқулода ва мухтори Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон Валид ибни Абдураҳмон ар-Решайдон вохӯрд.
Тавре АМИТ «Ховар» иттилоъ додааст, зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаи омодасозии лоиҳаи шартӣ барои вокуниш ба ҳолатҳои фавқулода дар ҷумҳурии моро баррасӣ намуданд.
Ҳадафи он таҳкими ҳамкории дуҷониба дар самти баланд бардоштани сатҳи омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода, ҳамоҳангсозии фаъолият ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак арзёбӣ мегардад.


Конфронси илмию амалӣ ба муносибати Рӯзи Мавлоно
Имрӯз, 30-юми сентябр, дар Тоҷикистон Рӯзи Мавлоно ҷашн гирифта мешавад. Ба ин муносибат, дирӯз таҳти унвони «Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ – муаррифгари фарҳанги тоҷикон дар арсаи ҷаҳон» конфронси илмию амалӣ баргузор гашт.
Дар Академияи миллии илмҳо ба хабарнигори мо тавзеҳ доданд, ки зимни чорабинӣ президенти АМИТ Қобилҷон Хушвахтзода иброз намуд: «Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ шоире мебошад, ки бо гузашти солҳо меҳраш ба қалби ҳамагон шуъла мепошад ва ҳамасола дар бораи шахсияташ мегӯянду менависанд. Ҷалолуддини Балхӣ дар ганҷинаи маданияти ҷаҳонӣ осори бой боқӣ гузоштааст. Мавлоно мутафаккири бузурги замонаш буда, дар инкишофи озодфикрӣ ва тараққиёти тафаккури назариявӣ хизмати бузург намудааст».

Санаи нашр: 30.09.2025 №: 188