Мулоқоти сарвазирон бо Александр Лукашенко
30-юми сентябр дар шаҳри Минск Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко бо сарвазирони кишварҳои иштирокдори ИДМ ва ҳайатҳои ҳукуматии Шурои байниҳукуматии Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё вохӯрд.
Тавре АМИТ «Ховар» иттилоъ додааст, зимни мулоқот масоили ҳамкории кишварҳо дар чаҳорчӯби ИДМ ва Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё баррасӣ шуданд.
Таъкид гардид, ки ҳамкории ҳамоҳанги кишварҳои мо ба ҳалли мушкилоти иқтисодӣ мусоидат менамояд.
Сироҷиддин Муҳриддин дар мулоқоти Гурӯҳи дӯстони Иттиҳоди тамаддунҳои СММ
Дар ҳошияи иҷлосияи 80-уми Маҷмаи умумии СММ дар шаҳри Ню-Йорк, вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин дар мулоқоти Гурӯҳи дӯстони Иттиҳоди тамаддунҳои СММ иштирок ва суханронӣ намуд.
Вазир таъкид кард, ки Тоҷикистон ҳамчун узви нави Гурӯҳи дӯстон шарафёб аст, то дар табодули таҷриба ва дониш дар робита ба чолишҳои марбут ба афзоиши гуногунии фарҳангӣ, мушкилоти зуҳуркунандаи ҳувият ва низоъҳои марбут ба он байни кишварҳои узв иштирок намояд.
Муаррифии таҷрибаи муваффақи Тоҷикистон оид ба баргардондани занону кӯдакон аз урдугоҳҳои Сурия
Сафири фавқулода ва мухтори Тоҷикистон дар Давлати Кувайт ва роҳбари гурӯҳи корӣ вобаста ба баргардондани занону кӯдакони тоҷикистонӣ аз урдугоҳҳои Ҷумҳурии Арабии Сурия ба Ватан Зубайдулло Зубайдзода дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба баргардондани ашхос аз урдугоҳи Ал-Ҳоли Сурия ва боздоштгоҳи атрофи он суханронӣ намуд.
АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ки чорабинии мазкур бо ибтикори Ҳукумати Ҷумҳурии Ироқ дар ҳамкорӣ бо Дафтари зиддитеррористии СММ дар шаҳри Ню-Йорк баргузор гардида, дар он Зубайдулло Зубайдзода дар бораи таҷрибаи муваффақи Тоҷикистон оид ба баргардондани занону кӯдакон аз урдугоҳҳои Сурия сухан гуфт.
Машваратҳои сиёсии Тоҷикистон ва Покистон
29-уми сентябр дар шаҳри Душанбе машваратҳои сиёсии навбатӣ байни Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон баргузор гардиданд.
Ҳайати Тоҷикистонро муовини вазири корҳои хориҷӣ Фаррух Шарифзода ва ҳайати Покистонро муовини вазири корҳои хориҷӣ Саид Асад Алӣ Гиланӣ роҳбарӣ намуданд.
Зимни мулоқот ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамоии ҳамкориҳои дуҷониба, татбиқи мувофиқаҳои бадастомада дар сатҳи олӣ, инчунин, масъалаҳои минтақавӣ ва байналмилалиро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Даровардани беш аз 16 ҳазор гектар замин ба гардиши кишоварзӣ
«Дар натиҷаи амалисозии Барномаи давлатии азхудкунии заминҳои нави обёришаванда ва барқарорсозии заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030 имкон фароҳам мегардад, ки 11 800 гектар заминҳои нав аз худ ва 16 750 гектар заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда ба гардиши кишоварзӣ дароварда шаванд».
Дар ин хусус 29-уми сентябр дар маҷлиси Ҳукумати ҷумҳурӣ дода шуд. Вобаста ба ин масъала директори Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ Зафарбек Давлатзода ба хабарнигори мо тавзеҳ дод, ки соли ҷорӣ Агентӣ нақша дорад 3 ҳазору 254 гектар заминро аз худ намуда, аз он 1400 гектарро ба гардиши кишоварзӣ ворид намояд.
Ҷаласаи сатҳи баланди СММ оид ба пешгирӣ ва назорати бемориҳои ғайрисироятӣ ва таҳкими солимии равонӣ
Дар шаҳри Ню-Йорк ҷаласаи сатҳи баланд оид ба пешгирӣ ва назорати бемориҳои ғайрисироятӣ ва таҳкими солимии равонӣ баргузор гашт, ки дар он вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҷамолиддин Абдуллозода иштирок намуд.
Тавре ба мо дар маркази матбуоти Вазорат иттилоъ доданд, дар ҷаласаи мазкур вазирони тандурустии кишварҳои аъзо ва намояндагони ташкилотҳои бонуфузи тандурустӣ ширкат доштанд.
Озмуни ҷумҳуриявии «Ихтироъкорон ва навоварони Тоҷикистон»
Маркази миллии патенту иттилоот бо мақсади дарёфти истеъдодҳои ҷавон, тарғибу ташвиқи ихтироъкорӣ, дастгирӣ ва ҳавасманд намудани ихтироъкорону навоварон Озмуни ҷумҳуриявии «Ихтироъкорон ва навоварони Тоҷикистон»-ро эълон намуд.
Аз Марказ ба хабарнигори мо иттилоъ доданд, ки Озмун тамоми қишри ҷомеаро дар бар гирифта, аз номинатсияҳои «Ихтироъкори беҳтарин» (аз 30-сола боло); «Ихтирои беҳтарин», «Муассисаи таълимӣ ва илмию таҳқиқотии беҳтарин дар самти ихтироъкорӣ», «Лоиҳаи инноватсионӣ», «Зеҳни сунъӣ: барномаҳои компютерӣ ва манбаъҳои маълумотӣ» иборат мебошад.
МАРКАЗИ МИЛЛИИ ТЕСТӢ
Натиҷаҳои озмуни тақсимоти довталабон дар даври сеюм эълон шуданд
Маркази миллии тестӣ натиҷаҳои озмуни тақсимоти асосии довталабонеро, ки дар даври сеюми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии ҷумҳурӣ (ИМД) дар соли 2025 иштирок кардаанд, эълон намуд.
АМИТ «Ховар» хабар додааст, ки маълумоти муфассал дар бораи натиҷаи озмуни тақсимот дар кабинети инфиродии ҳар довталаб ҷойгир шуда, дар ин хусус ба телефони мобилии ӯ паёмак (SMS) фиристода шуд.
