НОНГАЗОН. НАХУСТИН НАВАСКАРОНРО БА ХИЗМАТИ ВАТАН ГУСЕЛ КАРДАНД

02 октябр 2025, Панҷшанбе
12


1-уми октябр дар асоси фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1998-2007-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ» дар ҳамаи шаҳру навоҳии кишвар Рӯзи даъватшаванда ва дар робита ба гусели наваскарон ба хизмати Ватан маросими нонгазон доир гашт.
Аллакай, дар рӯзи аввал Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ноҳияҳои минтақаи Рашт, шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Норак, Левакант, Фархор, Вахш, Ховалинг, Балҷувон, Хуросон, Данғара ва Дӯстии вилояти Хатлон аз иҷрои нақша мужда доданд.
Ба муносибати Рӯзи даъватшаванда сокинони шаҳри Хоруғ бо баргузории роҳпаймоӣ ҷавонписаронро то боғи фарҳангию фароғатии шаҳр ҳамроҳӣ карданд. Дар боғ бо иштироки раисони шаҳру ноҳияҳои вилоят, масъулони идораву муассисаҳо, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва наваскарону волидайни онҳо ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд.
Изҳор гардид, ки хизмат дар сафи Артиши миллии Тоҷикистон далели дарки амиқи рисолати шаҳрвандӣ ва меҳру муҳаббати гарму самимии ҷавонон нисбат ба Ватан-Модар мебошад. Соли ҳаштум аст, ки ҷавонони шуҷоъ ва далери Бадахшон маъракаи даъвати баҳорию тирамоҳиро дар рӯзи аввал ҷамъбаст намуда, барои хизмати содиқона ба Ватан раҳсипор мегарданд. Хизмат ба Ватан хизмат ба падару модар буда, рамзи оромию хонаободии рӯзгори ҳар сокини ҷумҳурӣ мебошад.
Чунин чорабинӣ дар шаҳри Душанбе низ баргузор шуд. Дар он муовини раиси шаҳри Душанбе Абдураҳмон Абдураҳмонзода, сардори ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якуми вазири мудофиа Бобоҷон Саидзода, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Зулфиқор Гулаҳмадзода ва муовини раиси ҲХДТ Мирзоқосим Каримзода иштирок ва суханронӣ карданд.
Зимни чорабинӣ аз ҷониби сарбозони комендатураи ҳарбии Вазорати мудофиа намоиши машқҳои ҳарбӣ сурат гирифт, дар қисмати фарҳангии чорабинӣ аз ҷониби дастаҳои ҳунарӣ барномаи консертӣ пешниҳод гашт.
Дар шаҳри Бохтар низ ҳамоиши идона ташкил гардида, ба ҷавонони далеру шуҷоъ, ки бо амри дилу виҷдон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ пайвастанд, инчунин, ба падару модарони онҳо миннатдорӣ баён карда шуд. Ба 13 ҷавон, ки ба таври ройгон курси омӯзиши ронандагиро хатм карданд, шаҳодатнома, ба даъватшавандагон туҳфаҳои раиси шаҳр тақдим гардид. Пас аз маросими нонгазон барномаи рангини ҳунарӣ пешкаш ва бо мақсади дар сатҳи баланд баргузор намудани Рӯзи даъватшаванда дастархони идона ороста шуд.
Даъвати тирамоҳии ҷавонони синни даъват ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ то 30-юми ноябр идома меёбад. Дар ин муддат ҷавононе, ки муҳлати хизматро адо кардаанд, аз қисмҳои ҳарбӣ рухсат дода мешаванд.
Умаралӣ САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 02.10.2025 №: 190