ВАҲДАТ. ГУСЕЛИ ҶАВОНОНИ ВАТАНДӮСТ БА МАКТАБИ ҶАВОНМАРДӢ
![]()
Гусели ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ тайи чанд соли охир ба як маъракаи хотирмон табдил ёфтааст. Бо беҳтар шудани шароит дар қисмҳои низомӣ аксар ҷавонон бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ба комиссариатҳои ҳарбӣ ҳозир шуда, барои саҳмгузорӣ дар ҳимояи марзу буми Ватан, таъмини амният ва ҳифзи арзишҳои миллӣ омодагӣ нишон медиҳанд. Падару модарон бо ифтихор аз писарони тарбияткардаи худ ба онҳо дуои хайр медиҳанд.
![]()
Дар ҳамин радиф 1-уми октябр дар қисми низомии "Н"-и Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Ваҳдат низ маъракаи гусели наваскарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ баргузор гардид. Раиси шаҳр Мирзо Исмоилзода зимни суханронӣ таъкид намуд, ки вазифаи ҳар як шаҳрванди ватандӯст ҳифз ва таҳкими рукнҳои давлатдории миллӣ мебошад, ки яке аз онҳо Қувваҳои Мусаллаҳ маҳсуб меёбад. Имрӯз ҷавонони бонангу номуси шаҳр барои адои қарзи фарзандии хеш дар назди Ватан – Модар ҳозир шуданд ва баҳри хизмати содиқона камари ҳиммат бастаанд.
– Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат дар пайравӣ ба иқдомҳои шоистаи давлату Ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати дастгирии ҷавонон тадбирҳои зарурӣ андешида, дар ин самт корҳои муҳимро ба анҷом расондаанд. Ҷиҳати баланд бардоштани ҳисси ватанпарвариву худшиносии миллӣ, сатҳи маърифату донишандӯзӣ, рушду такомули маҳорату малакаи ҷавонон мусоидат карда, дар ҳама маврид ташаббусҳои ҷавононро дастгирӣ хоҳанд кард гуфт, – гуфт раиси шаҳр.
Дар идомаи чорабинӣ наваскар Сайдамир Сафаров баромад карда, аз ҷумла гуфт: “Мо – ҷавонони кишвар, ба боварӣ ва эътимоди Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мушарраф шудаем, ки ин барои мо ифтихор ва масъулияти бузург аст. Вақте ки Пешвои миллат ояндаи Тоҷикистонро ба ҷавонон бовар карданд, гумон мекунем, хизмати аввалиндараҷаи мо ба Ватани азизамон пайвастан ба Артиши миллӣ мебошад. Фаромӯш накунем, ки хизмат ба Ватан қарзи имонӣ ва ҷавонмардии ҳар яки мост. Аз ин рӯ, ман баъди хатми донишгоҳ тасмим гирифтам, ки ин қарзи ҷавонмардиро иҷро кунам”.
Марзия Табарова – модари аскари навдаъват Некрӯзҷон Расулов иброз намуд: «Солҳои охир зиёд гардидани шумораи ҷавононе, ки ихтиёрӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ мепайванданд, шоистаи таҳсин аст. Мо, модарони шаҳри Ваҳдат, фарзандонамонро дар руҳияи ватандӯстӣ тарбия менамоем, то бо камоли ифтихор ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ҳамроҳ гарданд”.
Имсол низ чун анъана аз ҳисоби Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат ва Вазорати мудофиаи Тоҷикистон 225 ҷавони синни даъватӣ даври омӯзишии ронандагии ТҶММ «Мададгори мудофиа»-ро хатм намуда, ҳамчун мутахассис ба Артиши миллӣ ҷалб гардид.
Чорабинӣ бо барномаи ҷолиби фарҳангӣ, ки аз суруду таронаҳои ватандӯстона иборат буд, анҷом ёфт.
Зикруллоҳ РАҶАБЗОДА, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 02.10.2025 №: 190