ПОНҒОЗ. ҶАМОАТЕ БАРОИ ИБРАТ

02 октябр 2025, Панҷшанбе
26


Понғоз калонтарин Ҷамоати деҳот дар ноҳияи Ашт маҳсуб ёфта, аҳолиаш зиёда аз 33 ҳазор нафар мебошад. Дар даврони соҳибистиқлолии кишвар бо талоши аҳолии меҳнатдӯсту ташаббускораш ин рустои кӯҳистон сол ба сол ободу сабзу хуррам мешавад. Бо иқдоми соҳибкорони бонангу номус ва ҳашари умумии мардум даҳҳо иншооти дорои аҳамияти иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангӣ бунёд шуда, Понғоз симои шаҳрро гирифтааст.

Бе ваҷҳ ҳам нест, ки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 16-уми апрели соли 2022 дар ҷараёни сафари корӣ ба вилояти Суғд, аз ҷумла ноҳияи Ашт, аз деҳоти Понғоз боздид ба амал оварда, аз корҳои созандагии соҳибкорони ин ҷо, сабзу хуррамӣ, силсиламанзилҳои куллан бо таври муосири омехтаи шарқиву аврупоӣ қомат росткардаи ҷолибу иншооти фарҳангиву варзишии замонавӣ ба ваҷд омада, дар ҷамъомади фаъолони вилоят ба масъулини ҳамаи манотиқи кишвар дастур дода буданд, ки ин таҷрибаи пешқадамонаи ободкорӣ, ҳамзамон, хуби деҳоти Понғоз бояд мактаби таҷриба ва мавриди дастгирӣ қарор гирад. Бешак, суханҳои гарму самимии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми Понғоз ҷиҳати иқдому тасмимгириҳои бунёдкорона илҳоми тоза бахшиданд. Ин буд, ки деҳа боз бо бунёди биноҳои нави замонавии савдову хизматрасонӣ, майдончаҳои варзиш, муассисаҳои тиббӣ ва хизматрасонӣ, боғҳои нави интенсивӣ аз ҳисоби талу теппаҳо ва куллан мумфарш гаштани роҳҳои байни деҳаҳо мувофиқ ба талаботи муосир рушд ёфтаву шукуфон шуда, симои худро куллан тағйир дода, ба шаҳраки замонавӣ табдил ёфтааст.
– Дар ободии деҳот сокинон фаъолона ширкат варзида, дар ду соли охир 16 синфхонаи иловагӣ дар МТМУ №11-уми деҳаи Понғоз, 8 синфхона дар МТМУ №7 бо толори варзиш, 8 синфхонаи иловагӣ бо варзишгоҳ дар маҳаллаи Пуштаи деҳаи Понғоз, чойхона барои мӯйсафедон ва варзишгоҳ барои истифодаи умум дар деҳаи Понғоз, тӯйхонаи замонавӣ барои 400 ҷойи нишаст дар ҳамин ҷо бунёд ва мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, оби ошомиданӣ аз масофаи 5 километр барои 50 хоҷагии деҳот оварда шуда, ҳамаи роҳҳои мошингарду пиёдагарди кӯчаву маҳалҳо мумфарш гаштаанд, ки дар миқёси вилояту ҷумҳурӣ беназир аст, – мегӯяд Насибалӣ Бекматов, раиси Ҷамоати деҳоти Понғоз.
Дар Понғоз солҳои охир як ташаббуси наҷибе роҳандозӣ мешавад, ки боиси шодмониву қобили қабули ҳамагон мегардад. Ин иқдом ба ташкилоту муассиса, кӯчаву маҳалҳо гузоштани номи фарзандони барӯманди ин деҳа, ки дар пешравии соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи Тоҷикистон саҳми бориз гузоштаанд, иборат мебошад. Масалан, чандин мактабҳои миёна ва маҳаллаҳо ба номи фарзандони фарзонаи ин русто: Одинамуҳаммад Маъдан, Нурулло Ҳувайдуллоев, Аҳмадҷон Неъматов, Баҳриддин Камолиддинов, Юлдош Нурматов, Султон Воҳидов, Пӯлот Ниёзӣ, Абдуқаҳҳор Турсунов, Хайрулло Қурбонов гузошта шудаанд.
Рӯзи ба ин деҳа омаданам ба як чорабинии ёдбуд рост омад. Дар маҳаллаи Ҳоито (Қалъа)-и деҳаи Понғоз МТМУ №58 ба номи яке аз шахсиятҳои шинохтаи вилоят Ҷамолиддин Муҳиддинов гузошта шуда, нимпайкараи ӯ дар саҳни мактаб қомат рост кард. Ҷамолиддин Муҳиддинов барои талошаш дар ривоҷу равнақи соҳаи кишоварзӣ: пахтакорӣ, зироату сабзавот ва орупарварӣ дар ноҳияи Ашт нахустин шуда сазовори унвони баланди Аграноми хизматнишондодаи Тоҷикистон гардида, дар фаъолияти корӣ бо ордену медалҳо қадрдонӣ шудааст.
Маҳз даврони соҳибистиқлолӣ, дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки тамоми шароит фароҳам омадааст, то ин ки мардум озодона фаъолият дошта бошанду ҷиҳати ободии ҷойи зист ва кишвари худ талош намоянд.

Ҷовиди АШТӢ,
“Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 02.10.2025 №: 190