БОЗИҲОИ МАҶМУӢ
III Бозиҳои ИДМ: 7 муштзани ҷавони кишвар дар даври нимниҳоӣ
Мусобиқаи бокс миёни ҷавонон дар III Бозиҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) дар Озарбойҷон то даври нимниҳоӣ расид.
7 варзишгари мо - Дамир Назаров (46 кг), Аъзамҷон Ҳасанов (48 кг), Беҳрӯз Умаров (50 кг), Акбарҷон Абдуллоев (57 кг), Умарҷон Асроров (66 кг), Амир Нозимов (75 кг) миёни писарон ва Фурӯғ Сарҳасзода (60 кг) зӯрозмоиро дар нимфинал идома медиҳанд.
Ёдрас мекунем, ки Тоҷикистонро дар ин Бозиҳо, ки 28-уми сентябр оғоз шуда, то 8-уми октябр идома меёбад, 142 варзишгар аз рӯйи 18 намуди варзиш намояндагӣ доранд ва то имрӯз 4 медали биринҷӣ ба даст овардаанд.
ФУТБОЛ
Лигаи дуюми чемпионҳои Осиё: пирӯзии “Истиқлол” бар “Гоа”
Дастаи «Истиқлол»-и Душанбе 1-уми октябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор дар гурӯҳи “D”-и марҳалаи гурӯҳии Лигаи дуюми чемпионҳои Осиё-2025/26 бар дастаи «Гоа»-и Ҳиндустон бо ҳисоби 2:0 ғалаба кард.
Голҳои задаи Рустам Соиров ва Ризо Деҳқонӣ ба дастаи «Истиқлол» 3 холи аввалинро оварданд. Чемпиони Тоҷикистон дар даври аввал аз тими «Ал-Наср»-и Арабистони Саудӣ мағлуб шуда буд (0:5). Дар ҳамин ҳол, “Гоа” ба шикасти дуюми худ мувоҷеҳ шуд. Ин даста дар даври аввал аз “Ал-Завра”-и Ироқ шикаст хӯрда буд.
Футболбозони мо Рустам Соиров, Манучеҳр Сафаров ва Муҳаммадҷон Раҳимов дар давоми 15 дақиқаи аввал кӯшиши кушодани ҳисобро карданд, аммо зарбаҳои онҳоро дарвозабони тими меҳмон Хритик Тивари ба осонӣ баргардонд.
Аввалин имконияти “Гоа” бошад, дар дақиқаи 22-юм пайдо шуд, вақте ки зарбаи кунҷӣ аз ҷониби Боржа Эррера иҷро шуд ва ҳимоятгари испанӣ Пол Морено тӯбро аз болои тири дарвоза гузаронд.
“Истиқлол” як дақиқа пас аз танаффус тавассути Рустам Соиров ҳисобро кушод. Меҳмонон ҳуҷумҳоро бештар карданд, аммо кӯшишҳои пайдарпайи Ҳави Сиверио ва Брисон Фернандес ба ҳадаф нарасид.
Ризо Деҳқонӣ, ки дар дақиқаи 66-ум вориди майдон шуд, ҳашт дақиқа пас голи дуюми дастаи Душанберо зад.
Кӯшишҳои пайиҳами “Гоа” барои тағйир додани ҳисоб бенатиҷа анҷом ёфт.
Дар бозии дигари гурӯҳ “Ал-Наср” бар “Ал-Завра” бо ҳисоби 2:0 ғолиб омад.
Дар даври навбатӣ, 22-юми октябр “Гоа” бо «Ал-Наср» ва «Истиқлол» бо «Ал-Завра» вомехӯранд.
БОКС
IBA баргузории Чемпионати ҷаҳон миёни калонсолонро эълон кард
Ассотсиатсияи байналмилалии бокс (IBA) эълон кард, ки Чемпионати ҷаҳон-2025 аз 2 то 13-уми декабр дар Дубай баргузор мешавад.
IBA мутмаин аст, ки беҳтарин истеъдодҳоро дар АМА истиқбол мекунад, ки ҳама барои ба даст овардани унвони чемпионӣ ва барои ҷоизаҳои арзишманди пулӣ мубориза мебаранд. Фонди ҷоизаҳои мусобиқа 8 миллион доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Ғолибони ҳар вазн 300000 доллар, барандагони медали нуқра 150000 ва биринҷӣ 75000 доллар дарёфт хоҳанд кард. Ҳамчунин, варзишгароне, ки ҷойи панҷумро мегиранд, бо 10000 доллар мукофотпулӣ қадр мешаванд.
Ассотсиатсияи байналмилалии бокс бо сабаби мушкилоти идоракунӣ ва сатҳи доварӣ аз узвияти Кумитаи байналмилалии олимпӣ хориҷ шуд. Соли гузашта ташкилоти дигари ҷаҳонии бокс – World Boxing ҳамчун мақоми пешбарандаи варзиши бокси олимпӣ эътироф гашт ва чанде пеш Чемпионати ҷаҳонро доир намуд. Федератсияи бокси Тоҷикистон то ҳол ба узвияти ташкилоти нави бокси ҷаҳонӣ пазируфта нашудааст.
Умаралӣ САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 02.10.2025 №: 190