Мулоқоти Қоҳир Расулзода бо Андрей Назаров
Сарвазири кишвар Қоҳир Расулзода бо Сарвазири Ҷумҳурии Бошқирдистони Федератсияи Россия Андрей Назаров, ки бо сафари корӣ дар Тоҷикистон қарор дошт, мулоқот намуд.
Зимни мулоқот вазъ ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистону Бошқирдистон дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла энергетика, саноат, кишоварзӣ, нақлиёт, маориф ва фарҳанг, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Тавре АМИТ «Ховар» иттилоъ додааст, таваҷҷуҳи бештар ба бунёди корхонаҳои муштараки саноатӣ зоҳир гардид.
Имзои созишномаҳо байни Тоҷикистон ва БАТР
6-уми октябр вазири молия Файзиддин Қаҳҳорзода бо ноиби президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд (БАТР) Марк Бауман вохӯрд.
АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ки ҷонибҳо нақши Бонкро дар рушди устувори иқтисодиёт, бахусус дастгирии инфрасохтор, «энергетикаи сабз» ва молияи бонкӣ таъкид намуданд.
Иштироки Шараф Шерализода дар Шурои генералии Созмони ҷаҳонии савдо
6-уми октябр ҷаласаи навбатии Шурои генералии Созмони ҷаҳонии савдо доир шуд, ки дар доираи он масъалаҳо оид ба тақвияти низоми савдои бисёрҷониба баррасӣ гардиданд.
Маркази матбуоти Вазорати корҳои хориҷӣ хабар додааст, ки дар ҷаласа сафири фавқулода ва мухтори Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария Шараф Шерализода вобаста ба аҳамият ва зарурати қабули созишномаи чандҷониба оид ба содагардонии сармоягузорӣ барои рушд мавқеи мамлакатро иброз намуд.
Ҷаласаи Шурои ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустии давлатҳои ИДМ
Дар Китобхонаи миллӣ ҷаласаи Шурои ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустии давлатҳои аъзои ИДМ баргузор гашт, ки дар он муовини Сарвазир Дилрабо Мансурӣ ширкат варзид.
Дар доираи ҷаласаи Шуро самтҳои асосии рушди соҳаи тандурустӣ дар фазои ИДМ, аз ҷумла барқарорсозии тиббӣ, табобати санаторию курортӣ, инноватсияҳо дар ёрии аввалияи тиббию санитарӣ ва қонунгузории намунавӣ дар соҳаи ҳифзи саломатӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар ин бора АМИТ «Ховар» иттилоъ додааст.
