ШАҲРИСТОН. ОБОДКОРӢ БА ШИОРИ МАРДУМӢ ТАБДИЛ ЁФТААСТ!

08 октябр 2025, Чоршанбе
28


Наздик ба 50 нафар сокини деҳаи Себзори ноҳияи Шаҳристон, ки аз ин ҳисоб 20 нафараш зан ҳасту синни баъзеи онҳо аз 90 гузаштааст, рӯзҳои охир ташаббуси шоиста нишон доданд. Онҳо сафари ҳаҷҷи умраро ба дигар вақт гузошта, тасмим гирифтанд, ки ҳамаи маблағи ҷамъшударо барои ободонии русто: сохтмони пулу роҳ, истгоҳҳои замонавӣ, варзишгоҳи хурд сарф намоянд.
Аз ҷумла, сокини деҳаи мазкур Абдуқаҳҳор Кӯчмуродов 260 ҳазор сомониро, ки чанд соли охир аз ҳисоби маошу фурӯши меваю сабзавот ба нияти сафари ҳаҷ пасандоз мекард, тасмим гирифт барои сохтмони кӯпруки деҳа сарф намояд. Маҳз бо маблағи мавсуф ва ҳашари сокинони деҳа пули нав бунёд ёфт, ки боиси шодии ҳамагон гашт.
Ойбек Файзуллоев, бошандаи дигари деҳаи Себзор, ҷиҳати сохтмони ошхонаи мактаб барои синфҳои ибтидоӣ, ки қаблан дар ҳолати садамавӣ қарор дошт, 400 ҳазор сомонӣ сарф кард. Ҳамчунин, бунёди маркази саломатии дуошёна аз ҳисоби ҳамин маблағи ҷамъшуда зеббахши деҳа ва боиси ифтихори сокинон гаштааст.
Ташаббуси аҳли ин рустои кӯҳистон ҳоло дар дигар деҳоти вилояти Суғд дастгирӣ ёфта истодааст.
Ҷовиди АШТӢ, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 08.10.2025 №: 196