БОЗИҲОИ МАҶМУӢ

08 октябр 2025, Чоршанбе
14


III Бозиҳои ИДМ: 22 медали варзишгарони тоҷик
III Бозиҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) дар Озарбойҷон имрӯз ба анҷом мерасад.
Варзишгарони мо дар 6 намуди варзиш 22 медал ба даст оварданд. Дар намуди бокс муштзанҳои навраси кишвар сазовори 1 медали тилло, 2 нуқра, 4 биринҷӣ гаштанд. Ягона медали тиллои Тоҷикистонро дар ин Бозиҳо Беҳрӯз Умаров дар вазни 50 кг мушарраф шуд. Аъзамҷон Ҳасанов (48 кг), Акбарҷон Абдуллоев (57 кг) медали нуқра, Фурӯғ Сарҳадзода (-60 кг) миёни духтарон, Дамир Назаров (46 кг), Умарҷон Асроров (66 кг) ва Амир Нозимов (75 кг) медали биринҷӣ гирифтанд. Дар намуди ҷудо Юсуф Замонов (-50 кг) медали нуқра, Абубакр Худоиев (-55 кг) ва Лоиқ Қутбиддинов (-60 кг) медали биринҷӣ ба даст оварданд. Дар қайиқронӣ Муҳаммадӣ Раҷабов дар каноэи якнафарӣ ба масофаи 500 метр медали нуқра, ба масофаи 200 метр медали биринҷӣ гирифт. Ҳамчунин, ҷуфти Ислом Носиров/Далер Носиров (К-2, 200 метр) сазовори медали биринҷӣ шуданд. Дар гӯштии юнонӣ-римӣ Алишер Рӯзимадов (71 кг) ба гирифтани медали нуқра, дар ҳамин намуд Муҳаммадёсин Ибодуллоев (45 кг), Маҳдӣ Баротов (60 кг), дар гӯштии тарзи озод Идрис Баҳромов (-71 кг) ва Алиризо Баҳромов (-80 кг), инчунин дар таеквондо Абдуҷаъфари Баҳодур (54 кг), Нурулло Муродов (74 кг), дар самбо Назаралӣ Холов (64 кг), Ёсин Ҳукуматов (71 кг) ба дарёфти медали биринҷӣ мушарраф гаштанд.
Ёдрас мекунем, ки Тоҷикистонро дар ин Бозиҳо, ки аз 28-уми сентябр то 8-уми октябр идома ёфт, 142 варзишгар аз рӯйи 18 намуди варзиш намояндагӣ кард. Дар доираи Бозиҳо имрӯз қисми ниҳоии мусобиқаи гимнастикаи бадеӣ ва маросими пӯшидашавӣ доир мегардад.
Бо натиҷагирӣ аз 10 рӯзи мусобиқот дар 3-юмин Бозиҳои ИДМ, Россия бо 225 медал (124 тилло, 61 нуқра, 40 биринҷӣ) пешсаф аст. Озарбойҷон бо 178 медал (33-53-92) дар ҷойи дуюм, Беларус бо 119 медал (32-35-52) дар зинаи сеюм мавқеъ доранд. Тоҷикистон бо 22 медал (1-5-16) дар мақоми 7-ум аст.


ГӮШТӢ
Аз пирӯзии Рассадин дар Чеченистон то дурахши Ахмедов дар Владикавказ
Паҳлавонони тоҷик дар мусобиқоти ахир дар Чеченистон ва Осетияи Шимолӣ соҳиби медал шуданд.
Узви дастаи мунтахаби гӯштии озоди Тоҷикистон Виктор Рассадин дар мусобиқа ба хотираи президенти нахустини Чеченистон Аҳмат-Ҳоҷӣ Қодиров медали тилло гирифт. Ӯ дар зӯрозмоиҳои вазни 70 кг нахуст, бар Бек Жаксиликови қазоқ (11:0), баъдан бар Ислом Кажарови рус (10:0) пирӯз шуд. Рассадин дар даври нимниҳоӣ варзишгари дигари Қазоқистон Санҷар Досжанов (10:0) ва дар финал Иброҳим Илоҳии эрониро (7:4) мағлуб намуд.
Ғолибони ин мусобиқа 5000 доллар ва мураббиёнашон 2000 доллар мукофот гирифтанд. Барандагони ҷойҳои дуюм ва сеюм мутаносибан бо 3000 ва 1000 доллар қадр шуданд.
Паҳлавони дигари тоҷик Мустафо Ахмедов дар Мусобиқаи байналмилалии Ҷоми бародарон Хадартсевҳо, ки дар Владикавказ баргузор шуд, дар вазни 70 кг ҷойи сеюмро сазовор гашт. Мустафо дар ду давр бар Юра Айрапетяни рус (5-3) ва Кумар Ануки ҳинд (4-0) пирӯз шуд. Аммо дар даври нимниҳоӣ аз варзишгари дигари Русия Константин Капринов шикаст хӯрд (0-8). Дар мубориза барои медали биринҷӣ паҳлавони тоҷик бар Кирил Корнееви рус (5-4) ғолиб шуд.


САМБО
Анушервон Назарзода дар Чемпионати ҷаҳон медали нуқра гирифт
3-5-уми октябр дар Индонезия Чемпионати ҷаҳон миёни наврасон ва ҷавонон доир гашт. Дар зӯрозмоиҳо беҳтарин варзишгарони наврасу ҷавон дар ду синну сол – то 18 ва то 20-сола барои 37 маҷмуи медалҳо мубориза бурданд.
Ҷумҳурии моро 4 нафар дар самбои варзишӣ миёни ҷавонон намояндагӣ карда, танҳо Анушервон Назарзода дар вазни -58 кг ба гирифтани медали нуқра мушарраф шуд.

ФУТЗАЛ
«Соро компания» – барандаи Суперҷоми Тоҷикистон
Дастаи футзали «Соро компания»-и Душанбе бори чорум барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд.
Даста бо роҳбарии сармураббӣ Пайрав Воҳидов дар бозӣ барои Суперҷоми Тоҷикистон-2025 бар дастаи «Истиқлол»-и Душанбе бо ҳисоби 3:0 пирӯз гардид. Дар ҳайати «Соро компания» Дилшод Саломов ду гол, Файзалӣ Сардоров як голи дигарро ба номашон сабт карданд.

ФУТБОЛ
Горан Стеванович – сармураббии нави тими миллии Тоҷикистон
Федератсияи футболи Тоҷикистон ситоди нави мураббиёни тими миллии кишварро тасдиқ кард. Горан Стевановичи 58-сола аз Сербия сармураббӣ таъин шуд.
Горан Стеванович тими миллии Ганаро дар солҳои гуногун роҳбарӣ карда, бо ин даста дар Ҷоми миллатҳои Африқо ширкат намудааст. Ҳамчунин, мутахассиси сербӣ дар дастаи то 21-солаи Сербия ва дар Ҷоми ҷаҳон-2006 ба ҳайси ёвари мураббии тими миллии Сербия фаъолият кардааст.
Дар сатҳи бошгоҳҳо бошад, Стеванович дастаҳои Сербия, Юнон ва Чинро роҳбарӣ кардааст.
Ба ситоди мураббиён, ҳамчунин, ду ҳамватани Стеванович шомил хоҳад шуд. Радмило Азаниятс, ки қаблан дар бошгоҳҳои Қазоқистон (Тараз ва Атирау) кор кардааст, ёвари ӯ хоҳад буд. Милан Павлович, ки корномаи мураббигиаш дар бошгоҳҳои Сербистон, Чин ва Юнон идома ёфтааст, ёвари дуюми сармураббӣ мешавад.
Ба Стеванович Алифбек Беромов, сармураббии дастаи «Барқчӣ» низ ёрӣ мекунад. Алишер Тӯйчиев дар тими миллии Тоҷикистон ба ҳайси мураббии дарвозабонҳо фаъолиятро идома медиҳад.


ГӮШТИНГИРӢ
Мусобиқа ба ифтихори Рӯзи забони давлатӣ
5-уми октябр дар шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ мусобиқаи гӯштингирӣ байни клубҳои варзишӣ доир гашт.
Дар мусобиқа беҳтарин паҳлавонони кишвар, инчунин, варзишгарони ӯзбекистонӣ дар ҳайати клубҳо иштирок карданд.
Дар натиҷа, клуби “Файза” сазовори ҷойи аввал, “Осуда” мақоми дуюм, Клубҳои “Парвиз Собиров” ва “Ганҷи Ваҳдат” сазовори зинаи сеюм гаштанд. Дастаи ғолиб соҳиби 80000 сомонӣ гашт. Барандаи медалҳои нуқра ва биринҷӣ мутаносибан сазовори 40000 ва 20000 сомонӣ шуданд.

Умаралӣ САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 08.10.2025 №: 196