ҶУДО. МУҲИДДИН АСАДУЛЛОЕВ ЧЕМПИОНИ ҶАҲОН ШУД

08 октябр 2025, Чоршанбе
11


7-уми октябр дар Лимаи Перу паҳлавони умедбахши тоҷик Муҳиддин Асадуллоев дар Чемпионати ҷаҳонии ҷудо миёни ҷавонон медали тилло гирифт.

Муҳиддин дар вазни -73 кг зӯрозмоиро аз даври дуюм оғоз карда, нахуст бар паҳлавони ИМА Кай Веллеси, дар даври сеюм бар Муҳриддин Маъруфови ӯзбекистонӣ, дар чорякфинал бар Абдеслам Билбилҳоути алҷазоирӣ пирӯз гашт. Дар нимфинал ӯро чемпиони ҷаҳон-2024 Кеито Киҳараи ҷопонӣ интизор буд, ки аз сари роҳ дураш кард ва барои унвони чемпионӣ бо паҳлавони дигари ҷопонӣ Руйсей Аракава вохӯрд. Зӯрозмоии паҳлавонон баробар идома ёфт ва паҳлавони тоҷик бо як партофт, ки юко баҳогузорӣ шуд, унвони чемпиони ҷаҳонро дар соли 2025 сазовор гашт.
Ин сеюмин медали тиллои ҷудокорони мо аз Чемпионати ҷаҳон миёни ҷавонон мебошад. Қаблан соли 2019 дар Марокаш Сомон Маҳмадбеков дар вазни -73 кг, соли 2022 дар Эквадор Эмомалӣ Нуралӣ дар вазни -66 кг ба гирифтани медали тилло даст ёфта буданд.

Умаралӣ САФАРАЛӢ, "Ҷумҳурият"

Санаи нашр: 08.10.2025 №: 196