Мулоқоти Шералӣ Кабир бо Марк Боуман
7-уми октябр вазири саноат ва технологияҳои нав Шералӣ Кабир ноиби президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд Марк Боуманро ба ҳузур пазируфт.
Зимни мулоқот масъалаҳои вусъати ҳамкорӣ дар бахшҳои истихроҷ ва коркарди маъданҳо, истеҳсоли маводи озуқаворӣ, рушди соҳаҳои нассоҷӣ ва мошинсозӣ баррасӣ гардиданд. Ҷонибҳо, инчунин, дар бобати ҷалби сармоя ба технологияҳои нав ва ҳамкориҳо дар соҳаи татбиқи зеҳни сунъӣ дар соҳаҳои муҳими иқтисод мубодилаи афкор намуданд.
Дар ин бора ба хабарнигори «Ҷумҳурият» аз маркази матбуоти Вазорат иттилоъ доданд.
Семинар-машварати корӣ оид ба иҷрои қарори Ҳукумат
6-7-уми октябр дар Вазорати энергетика ва захираҳои об семинар-машварати корӣ оид ба оғози корҳои амалӣ дар самти татбиқи саривақтии талаботи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16-уми сентябри соли 2025 «Дар бораи Тартиби пайдарҳамии истифодаи маблағҳои ба суратҳисоби ҶСК «Барқи тоҷик» воридшуда» баргузор гашт.
Ҷаласаро Далер Ҷумъа, вазири энергетика ва захираҳои об, ифтитоҳ намуда, вобаста ба раванди ислоҳоти ҷорӣ дар соҳаи энергетика, такмили механизмҳои идоракунии молиявӣ ва зарурати татбиқи босамари қарори мазкур ибрози назар кард.
«Сипас, рӯнамо оид ба вазъи молиявии ҶСК «Барқи тоҷик» манзур гардида, иштирокдорон оид ба масъалаҳои мавриди баррасӣ мубодилаи афкор намуданд», – гуфта мешавад дар хабари интишорнамудаи маркази матбуоти Вазорат.
Душанбе мизбони Форуми дуюми байналмилалии «Digital Tajikistan»
«Пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанбе мизбони Форуми дуюми байналмилалии «Digital Tajikistan» мегардад», – иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».
Дар Форуми байналмилалии «Digital Tajikistan» коршиносон, соҳибкорон, сармоягузорон, донишҷӯён ва ҳаводорони технологияҳои рақамӣ аз Тоҷикистон ва кишварҳои хориҷӣ иштирок намуда, масъалаҳои муҳими марбут ба рушди технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъиро баррасӣ менамоянд.
