КОНИБОДОМ. САВОБИ БУЗУРГТАР АЗ ҲАҶ
Дар доираи омодагиҳо ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо талоши сокинони ватандӯст бунёди нахустин кӯдакистон дар деҳаи Ғалчамуллои деҳоти Пӯлодони шаҳри Конибодом идома дорад.
Ин иншооти муҳими иҷтимоӣ, ки сохтмонаш моҳи феврали соли равон оғоз гардид, яке аз намунаҳои ибратбахши эҳсоси масъулият ва муҳаббат ба Ватан маҳсуб мешавад.
Кӯдакистони мазкур, ки аз таҳхона ва ду ошёна иборат мебошад, барои таълиму тарбияи 150 кӯдак пешбинӣ шудааст. Бунёди ин маркази тарбияву таълим бо ташаббус ва маблағгузории сокини заҳматкаши деҳа, соҳибкор Самиҷон Сулаймонов ва фарзандони ватандӯсташ Абдураҳим ва Абдураҳмон Сулаймоновҳо амалӣ мешавад.
Дар деҳаи Ғалчамулло 450 хоҷагӣ ва қариб 3000 нафар аҳолӣ зиндагӣ мекунад. Бо вуҷуди ин, то ҳол дар деҳа кӯдакистон вуҷуд надошт ва аксари кӯдакон ба муассисаҳои томактабии шаҳрӣ бурда мешуданд. Бо иқдоми хеш соҳибкорони маҳаллӣ тасмим гирифтанд, ки ин мушкили ҳамдеҳагонро ҳал намоянд.
Дар ин бора соҳибкор Самиҷон Сулаймонов чунин гуфт: “Пешвои миллат дар Паёми худ 28-уми декабри соли 2024 таъкид намуда буданд, ки дар ҳар маҳале, ки 100 оила зиндагӣ мекунад, бунёди як муассисаи томактабӣ зарур аст. Дар партави ҳамин нидои ватандӯстона ва ғамхоронаи Пешвои миллат тасмим гирифтем, ки ба ҷойи сафари ҳаҷ як кӯдакистони замонавиро дар деҳаи худ бунёд намоем. Ман як даъфа ба сафари ҳаҷ рафта будам, бори дуюм рафтанро зарур надонистам ва маблағи бо ин мақсад ҷамъ намудаамро, барои сохтмони боғчаи бачагона сарф кардам. Талош дорем, ки то соли нав бинои кӯдакистонро ба истифода диҳем”.
Воқеан, ин тасмим намунаи олии хештаншиносӣ ва эҳсоси масъулият дар назди Ватан ва насли оянда аст.
Мавриди зикр аст, ки ба истиқболи Ҷашни муқаддаси 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳри Конибодом бунёди 714 иншооти ҷашнӣ ба нақша гирифта шуда, то имрӯз 592-тоаш мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтааст. Бунёди кӯдакистони деҳаи Ғалчамулло низ як бахши муҳими ин нақшаҳои созанда мебошад.
Чунин иқдоми ободкорона нишонаи муҳаббат ба Ватан ва ғамхорӣ ба насли оянда мебошад. Хушбахтона, сафи чунин шахсони хайрхоҳ ва ватандӯст, ки орзуву умедҳои ҷомеаро амалӣ месозанд, зиёд аст.
Сурайё ҲАКИМОВА, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 09.10.2025 №: 197