ҶАҲОНИ ПАЁМ

09 октябр 2025, Панҷшанбе
22


БАҚАЙДГИРИИ МОЛҲО ВА ВОСИТАҲОИ НАҚЛИЁТ ТАВАССУТИ НИЗОМИ “АСИКУДА-И ҶАҲОНӢ”

Аз оғози моҳи октябри соли ҷорӣ барасмиятдарории молу воситаҳои нақлиёти воридотӣ ва содиротӣ тавассути низоми иттилоотии мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон “АСИКУДА-и ҷаҳонӣ” ба роҳ монда мешавад.

Дар ин хусус Хадамоти гумрук хабар медиҳад, ки ин навгонӣ дар доираи барномаҳои давлатӣ ва стратегияҳои рақамикунонии иқтисодиёт роҳандозӣ гардид ва ба мутобиқсозии расмиёти гумрукӣ ба стандартҳои байналмилалӣ равона шудааст.
Гузариш ба истифодабарии низоми иттилоотии “АСИКУДА-и ҷаҳонӣ”, ки аксари қисматҳои он ба таври худкор ва бо истифода аз унсурҳои зеҳни сунъӣ амал менамоянд, барасмиятдарории гумрукии молу воситаҳои нақлиётро таҳти ҳамаи расмиёт ва низомҳои гумрукӣ фаро гирифта, ба содагардонӣ ва шаффофияти расмиёти гумрукӣ, тақвияти назорати гумрукӣ ва беҳтар намудани сатҳу сифати ҷамъоварии пардохтҳои гумрукӣ ба буҷети давлатӣ мусоидат намуда, як марҳалаи муҳим дар самти рақамикунонии равандҳои гумрукӣ ва густариши ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ ба ҳисоб меравад.
Низоми иттилоотии мазкур бо маблағгузории Бонки ҷаҳонӣ дар ҳошияи марҳалаи чоруми лоиҳаи “Беҳтар намудани роҳҳои алоқаи минтақавии Осиёи Марказӣ (БРАМОМ-4)”, дар асоси Созишномаи ҳамкорӣ аз 22-юми июни соли 2022 дар мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба савдо ва рушд амалӣ мегардад.


ШУҒНОН. КОРХОНАИ НАВИ ИСТЕҲСОЛИ АСФАЛТ БА ФАЪОЛИЯТ ОҒОЗ КАРД

Дар деҳаи Бердибекободи деҳоти Сучони ноҳияи Шуғнон бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо иқдоми соҳибкори ватанӣ Шоҳрух Искандаров бо сарфи 2,8 миллион сомонӣ корхонаи нави истеҳсоли асфалт мавриди истифода қарор гирифт.



Тавре аз Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ВМКБ хабар доданд, дар марҳалаи оғози фаъолияти корхона, роҳбарияти вилоят таъкид намуд, ки аввал роҳҳои марказии шаҳри Хоруғ мумфарш шаванд ва баъди анҷоми корҳои таъмиру навсозӣ дар маркази вилоят, иқдомоти минбаъда ба сӯи навсозии дигар роҳҳо равона гардад.
Сокинони деҳаи Бердибекобод изҳор доштанд, ки ифтитоҳи чунин корхонаи бузурги саноатӣ рӯйдоди таърихӣ ва сарчашмаи ифтихор буда, қадами дигар барои ободу зебо гардидани ин гӯшаи Ватани азизамон Тоҷикистон дониста мешавад.

Кароматулло АТО,
“Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 09.10.2025 №: 197