САФАРИ ДАВЛАТИИ ПРЕЗИДЕНТИ ФЕДЕРАТСИЯИ РОССИЯ БА ТОҶИКИСТОН

09 октябр 2025, Панҷшанбе
47


Бегоҳии 8-уми октябр Президенти Федератсияи Россия муҳтарам Владимир Путин бо сафари давлатӣ ба Тоҷикистон ташриф оварданд.

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба арзи эҳтироми баланд меҳмони олимақомро гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.
Ба хотири сафари давлатии меҳмони олиқадр, майдони Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе бо парчамҳои давлатии ду кишвар, аксҳои сарварони давлатҳо ва шиорҳои тараннумгари дӯстии мардумони ду кишвар оро ёфта буд.
Барои истиқбол роҳрави сурх густурда шуда, сарбозони горди фахрӣ аз ду тарафи роҳрав саф оростанд.
Зимни суҳбати кӯтоҳи дар Фурудгоҳ баргузоршуда, сарварони ду давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Владимир Путин доир ба барномаи сафари давлатии Президенти Федератсияи Россия ба Тоҷикистон, ширкат дар ҳамоиши Осиёи Марказӣ – Россия ва ҷаласаи Шурои сарварони кишварҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил табодули андеша намуданд.
Ёдовар бояд шуд, ки 9-уми октябр сафари давлатии Президенти Федератсияи Россия муҳтарам Владимир Путин ба Тоҷикистон идома ёфта, нимаи дуюми рӯз ҳамоиши "Осиёи Марказӣ– Россия" баргузор мешавад. Ҷаласаи Шурои сарварони кишварҳои иштирокдори ИДМ 10-уми октябр доир мегардад.


Санаи нашр: 09.10.2025 №: 197