Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Марат Ҳуснуллин

13 октябр 2025, Душанбе
28


Дар доираи чорабиниҳои ИДМ дар шаҳри Душанбе, мулоқоти Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо муовини Раиси Ҳукумати Федератсияи Россия Марат Ҳуснуллин доир гардид.
Тавре АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, зимни вохӯрӣ ҷонибҳо вазъи имрӯза ва дурнамои муносибатҳои бисёрҷонибаи Тоҷикистону Россияро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Дар мулоқот, ҳамчунин, рушди устувори робитаҳои байнипарламентии ду давлат муҳокима гардид.


«Музокироти сарварони кишварҳои ИДМ дар фазои созандаю самарабахш ва корӣ баргузор шуд»
Дар ин бора вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин зимни нишасти матбуотӣ ба намояндагони расонаҳои дохилӣ ва хориҷӣ баъд аз ҷамъбасти ҷаласаи Шурои сарварони кишварҳои ИДМ иброз дошт.
Тавре АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, вазири корҳои хориҷӣ, ҳамчунин, гуфт, ки дар ҷаласа сарварони давлатҳои Иттиҳод масъалаҳои мубрами рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавиро баррасӣ намуданд.
Сарварони давлатҳо ба тавсеаи минбаъдаи муколамаи сиёсӣ, густариши ҳамкории тиҷоратӣ-иқтисодӣ ва тақвияти равобити фарҳангию гуманитарӣ дар доираи Иттиҳод таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуданд.


Нишасти Шурои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои ИДМ
Дар шаҳри Душанбе ҷаласаи навбатии Шурои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои ИДМ баргузор гашт.
Роҳбарони ниҳодҳои сиёсати хориҷӣ перомуни масъалаҳои муҳими рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули афкор карда, ба таъмини амнияти минтақавӣ, рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ, гуманитарӣ ва такмили механизмҳои ҳамкорӣ дар доираи Иттиҳод таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд.
«Таваҷҷуҳи вижа ба баланд бардоштани самаранокии фаъолияти мақомоти ИДМ дар шароити мутобиқшавӣ ба воқеияти муосир зоҳир гардид. Вазирон аҳамияти тавсеаи ҳамкориҳои амалиро дар самтҳои афзалиятнок таъкид доштанд», – омадааст дар хабари интишорнамудаи Вазорат.


Густариши ҳамкории Тоҷикистон бо Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ
Ҳамкории дуҷониба байни Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ (FAO) дар меҳвари мулоқоти раиси Кумита Баҳодур Шерализода ва намояндаи Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмон дар Тоҷикистон Агаси Арутюнян қарор гирифт.

Дар Кумита ба хабарнигори «Ҷумҳурият» иттилоъ доданд, ки мусоҳибон доир ба масъалаҳои марбут ба ҳифзи муҳити зист ва ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷониба ибрози назар намуда, ба мувофиқа расиданд.
Ёдовар мешавем, ки Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ аз соли 1996 дар Тоҷикистон фаъолият дошта, дар ин муддат лоиҳаҳоро дар бахшҳои илм, таълим, истеҳсолоти кишоварзӣ, мелиоратсияи замин ва об, паст кардани сатҳи камбизоатӣ, бозомӯзии мутахассисон ва ҳифзи муҳити зист амалӣ намудааст.


Тавсеаи ҳамкориҳои ҳарбӣ ва ҳарбӣ-техникии Тоҷикистону Россия
Дар доираи ҳамоиши «Осиёи Марказӣ – Россия» ва ҷаласаи Шурои сарварони давлатҳои ИДМ, мулоқоти вазири мудофиа Эмомалӣ Собирзода бо вазири мудофиаи Россия Андрей Белоусов баргузор шуд.
Маркази матбуот ва иттилооти Вазорати мудофиа хабар додааст, ки ҷонибҳо зимни мулоқот ҳамкориҳои ҳарбӣ ва ҳарбӣ-техникии Тоҷикистону Россияро мавриди баррасӣ қарор дода, аз идомаи муносибатҳо дар доираи созмонҳои минтақавию байналмилалӣ изҳори умед намуданд.


Форуми коршиносии «Осиёи Марказӣ – Россия: рӯзномаи рушди муштарак»
11-уми октябр дар Китобхонаи миллӣ Форуми коршиносии «Осиёи Марказӣ – Россия: рӯзномаи рушди муштарак» баргузор гардид.
«Дар Форум роҳбарон ва намояндагони марказҳои таҳлилии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Россия, коршиносону муҳаққиқон ва доираҳои дипломатӣ иштирок намуданд», – хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Дар хабар гуфта шудааст, ки масъалаҳои муҳими минтақавӣ ва байналмилалӣ, аз ҷумла робитаҳои гуногунсамти стратегӣ, дурнамои рушди ҳамкории иқтисодӣ ва таҳкими суботи минтақа, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Санаи нашр: 13.10.2025 №: 199