“МАКТУБҲО”. ХИДМАТИ МОНДАГОРИ АНЗУРАТИ МАЛИКЗОД ДАР ШИНОХТИ ТОЗАИ УСТОД АЙНӢ

13 октябр 2025, Душанбе
16


Дар чунин фазо одами баҳуш дарк мекунад, ки беҳтарин ҳамроз ва гӯяндаву расонандаи паёмҳои нав китобҳоянд; китобҳои нотакрору ноёб, китобҳои хомӯш, аммо пуринқилоб, китобҳои содаву беороиш, аммо дарун-дарун мағз.
Ҳар чи ҳам буд, ки тобистони соли 2023 бо чунин китоб рӯ ба рӯ шудам. Он “Мактубҳо” ном дошт. Ин асари калонҳаҷм куллиёти номаҳои устод Айнӣ буд, ки бештар аз 700 саҳифа аст. Тақрибан 100 саҳифаи ин беҳтарин китобро хондаву бо сӯзу гудози таркиби вожа-вожаи он ошно шудам.
Бегумон, фароҳамсоз, таҳиягар, тасҳеҳгар ва тавзеҳотнависи пухтакор, номзади илмҳои филология Анзурати Маликзод бо омода кардани чунин китоби гаронқадр кори мондагоре карда. Ҳар қадар мехондам, ҳамон қадар сипоси самимӣ нисбат ба ҷамъовардагони ин ганҷина дар дилам меафзуд, зеро маҳз ӯ сабаб шудаву ман устод Айнии дигареро барои худ кашф кардам. Марде, ки бо хомаҳо, номаҳо, китобҳо, дафтарҳо, мақолаҳо, шеърҳо, нақдҳо, бо дасту поҳо, бо дандонҳо, бо ҳар як тори мӯяш кӯшид, то Тоҷикистонро дар харита бибинад ва он дар харита пайдо шуд, акнун дар харита монданашро ба ҷон талабгор буд.
Хонандаи зирак, албатта, ин китоби нодирро меёбад ва худ аз он баҳра мебарад. Ин ҷо чанд нуктаро тазаккур диҳему бигзарем ба сарнавишту фаъолияти рӯшани фароҳамсози ин китоб.
Нахуст, агар “Гирдоварӣ ва нашри илмии мактубҳои устод Айнӣ яке аз вазифаҳои муҳим ва хеле ҷиддии донишмандони айнишинос ба шумор ояд” (аз сарсухани китоби “Мактубҳо”-и Садриддин Айнӣ), пас, чаро то имрӯз ин корро касе аз пажӯҳишгарон накард? Албатта, аз тарафи утодон Муҳаммадҷон Шакурӣ, Хуршеда Отахонова ва Абдухолиқ Набавӣ ҷода боз шуда буд, аммо куллиёти номаҳои устод Айниро чаро касе ба мардум нанамуд?
Посухҳо ҳар ранг доранд, аммо ҷавоби аслӣ ин аст, ки касе ҷасорати Анзуратбонуро надорад. Ман ин суханро дониставу санҷида мегӯям, зеро бо ин бонуи соҳибзавқ, рӯзноманигори номошно, адабиётшиноси фарохназар, шоиру нависандаи модарзод, хештаншинос ва ватандӯсти вораста, шахсияти миллӣ аз соли 2012 ин сӯ рафоқату рафтуомади хонаводагӣ дорам.
Касоне, ки ҳафтаномаи машҳури “Адабиёт ва санъат”-ро солҳои 2000-2009, моҳномаи “Истиқбол”-ро солҳои 2009-2014 хонда бошанд, медонанд, ки муаллима чӣ гуна чун рӯзноманигор мақолаву мусоҳиба ва пажӯҳишҳои соҳавӣ дошта. Дар ин ҷода нишон дод, ки ӯ танҳо як олим нест; мақолаҳои печидаву пурмуаммо наменависад, ки танҳо доираи муайяни пажӯҳишгарон фаҳманд, балки бо килки хеш масъалаҳои печидаву душворфаҳмро бо содатарин равиш ба аҳли завқ мерасонад. Банда инро ҳангоми ҳамкорӣ дар моҳномаи “Истиқбол” медидам.
Дар таърихчаи чанд соли фаъолияти рӯзноманигорӣ, ки, аслан, решапайванди муҳарририст, чанд муҳаррири наҷибу бовиҷдонро медонам, ки яке аз онҳо Анзуратбонуст. Ӯ ба кӯчактарин матлаб (бигзор вай хеле суст ва каммоя бошад, аз кадом як шогирди навкор бошад) бо масъулияти ҷиддӣ менигарад ва намегузорад, ки хатое ҷузъӣ бо “баҳонаи” сустии матлаб бигзарад ва бо ин роҳ, зараре кӯчак ҳатто ноарзанда, ба забони тоҷикӣ бирасад.
Дар таҳрир дасти тамом дорад, ончунон боназокат ва дониста ҷумлаҳоро пасу пеш, вожаҳоро каму зиёд, муродифҳоро бетакрор, зидмаъноҳоро дар ҷову мақом, ифодаеро рӯшантар, истилоҳеро фаҳмотар, вожаеро бо вожае ҷойиваз ва ҳатто ҷумлаи пурраву солимеро ба ҷои ҷумлаи калавандаву ноқиси шумо ҷойгузин мекунад, ки худатон дида, дар ҳайрат мешавед. Ин аст, ки дар таҳрири бузургтарин қомусҳо, осори илмӣ, фарҳангу луғатномаҳо, бавижа китобҳои адабиву забоншиносии Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи устод Рӯдакӣ дасти таҳрир, нури чашм ва афкору андешаҳои созандаи ӯро мебинем.
Мавсуф ҳамчун номзади илмҳои филология адабиётшиносиро баробарвазн бо рӯшанфикриву ҳувиятмандӣ медонад. Ҳатмӣ медонад, ки як тан адабиётшинос бояд ба масъалаҳои миллӣ, давлатӣ ва илмҳои дигар низ (ҳадди ақал илмҳои инсоншиносӣ) назар, афкор, ақида ва мавқеъ дошта бошад. Сари дигар илмҳо низ хони баҳс ороста як ҳамсуҳбату шавқманди илмро қонеъ карда тавонад ва воқеан ҳам, талаби аслии олим будан ҳамин асту бас!
Бояд гуфт, ки чандин рисолаҳои илмӣ дар шакли китоб ва мақолаҳои Анзуратбону дар Эрону Афғонистон, Ӯзбекистон, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Россия ва Канада чоп шудаанд.
Ҳанӯз соли 2018 рисолаи пурбори “Шаҳиди Балхӣ – шоири бузурги Сомониён” дар Теҳрон чоп ва баҳои сазовор гирифт. То ҷое огоҳем, ин китоб бознашр гардида, ба барномаи таълимии баъзе аз мактабҳои олии Эрон низ ворид шудааст. Боз ҳам чанде пеш аз Канада дархост гирифт. Порсизабонони он кишвар мехостанд рисолаи бисёр пурбори пажӯҳишгар “Абушакури Балхӣ”-ро, ки соли 2023 дар Душанбе чоп шуда буд, нашр кунанд. Ҳамин тавр ҳам шуд ва соли 2024 рисола бо ҳуруфи арабиасоси тоҷикӣ дар Канада рӯи чопро дид, ки, бебаҳс, ифтихори мо – тоҷикон, аст.
Бузургмеҳри БАҲОДУР,
“Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 13.10.2025 №: 199