ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ “ТОҶИКИСТОН – ВАТАНИ АЗИЗИ МАН”. ДОНИШҶӮИ КОЛЛЕҶИ ФАРҲАНГ – ДАР САФИ ҒОЛИБОН

14 октябр 2025, Сешанбе
10


Донишҷӯи Муассисаи давлатии "Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявии ба номи П. Бӯйдоқов" Насиба Атоева дар Озмуни ҷумҳуриявии "Тоҷикистон –
Ватани азизи ман" дар қатори беҳтаринҳо ҷой гирифт.
Номбурда дар даври ҷамъбастии Озмун, дар жанри академии номинатсияи сарояндагӣ аз ҷониби муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ бо диплом ва туҳфа қадр гардид.
Дар рафти тақдими туҳфа вазири фарҳанг Матлубахон Сатториён ғолибону ҷоизадоронро табрик намуда, аз онҳо даъват намуд, ки ҳунару истеъдодашонро боз ҳам сайқал диҳанд ва дар рушди соҳаи фарҳанг саҳми намоён гузоранд.
Тавре мушоҳида мешавад, чунин қадрдонию ҳавасмандгардонӣ ва дастгириҳои ҳамешагии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанг боиси он гардидааст, ки сафи ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ аз ҳисоби донишҷӯёни Коллеҷ бештар мегардад.

Дарвеш ҚУРБОНОВ, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 14.10.2025 №: 200