ДАЪВАТ – 2025. ДАР 10 РӮЗ НАҚША 78 ФОИЗ ИҶРО ШУД

14 октябр 2025, Сешанбе
253
Тавре қаблан хабар дода будем, 1-уми октябр, дар асоси фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1998-2007-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ” (29-уми августи соли 2025, №1071) ва тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ” дар ҷумҳурӣ даъвати навбатии ҷавонписарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ оғоз гардид, ки муташаккилона идома дорад.
Дар рӯзи якум, аввалин шуда шаҳру навоҳии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, минтақаи Рашт аз иҷрои пурраи нақшаи пешбинишуда гузориш доданд. Иҷрои нақша дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ айни ҳол ба 72 фоиз баробар мебошад.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати мудофиа, дар вилояти Хатлон дар 10 рӯзи даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ ноҳияҳои Вахш, Балҷувон, Ховалинг, Норак, Ёвон, Фархор, Хуросон, Левакант, Бохтар, Носири Хусрав, Дӯстӣ, Шаҳритус ва Ҷайҳун аз анҷоми маърака гузориш доданд ва дар вилоят бошад, иҷрои нақша 91 фоизро ташкил медиҳад.
– Бо ҳамин тартиб нақшаи даъвати шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ дар давоми 10 рӯз дар вилояти Суғд 64 фоиз иҷро гардида, танҳо ноҳияи Айнӣ нақшаи пешбинигардидаро пеш аз муҳлат пурра иҷро намуд, – омадааст дар гузориш.
Бо дарки баланди масъулияти шаҳрвандӣ ҳамарӯза ҷавонони пойтахт низ чун дигар сокинони сарбаланду шарафманди кишвар ба комиссариатҳои ҳарбии маҳали зисти хеш ҳозир гардида, омодагии худро баҳри хизмат ба халқу Ватан иброз медоранд. Аз ин ҷост, ки иҷрои нақшаи даъват дар шаҳри Душанбе ба 71 фоиз расид.
Ба иттилои Вазорати мудофиа, умуман, аз 1-ум то 10-уми октябри соли 2025 иҷрои нақша дар қаламрави ҷумҳурӣ 78 фоизро ташкил дода, наздики 30 шаҳру ноҳияи мамлакат аз иҷрои пурраи нақшаи даъват гузориш додаанд.
Умаралӣ САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 14.10.2025 №: 200