"ДӮСТОН: ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ВА СИ ҶИНПИН". КИТОБИ НАВ ДАР БОРАИ МУНОСИБАТҲОИ ДӮСТОНАИ ПЕШВОЁНИ ТОҶИКИСТОНУ ЧИН
Таҳти чунин унвон Бунёди адабии Айнӣ китоби дипломати тоҷик Муҳаммад Эгамзод ва публитсисти чинӣ Гэ Ҷилиро ба табъ расонд. Китоб ба дӯстии шикастнопазири ду Пешвои барҷастаи муосир бахшида шудааст, ки ҳамчун заминаи боэътимоди шарикии стратегии Тоҷикистону Чин арзёбӣ мегардад. Дар ин бора Эраҷ Айнӣ, раиси Бунёди адабии ба номи Айнӣ ва мудири ин нашриёт, хабар дод.
Китоб ба забони тоҷикӣ мунташир шуда, муаллифон ният доранд, онро ба забонҳои чинӣ ва русӣ тарҷума карда, ба нашр расонанд.
Яке аз ҳаммуаллифони китоб, дипломати тоҷик Муҳаммад Эгамзод, мушовири Сафорати Тоҷикистон дар Украина, чунин гуфт: "Китоб натиҷаи заҳматҳои ҳаштсола аст. Муаллифон дар назди худ ҳадаф гузоштаанд, ки ҳаёту фаъолият, роҳи сиёсӣ ва рушди ду арбоби барҷастаи асри XXI – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпинро дар ин китоб аз зовияи дӯстии самимии ду раҳбари муосир, ки заминаи боэътимоди шарикии стратегии Тоҷикистону Чинро ташкил медиҳад, ба риштаи тасвир кашанд».
Ба гуфтаи дипломати тоҷик, "Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин на танҳо роҳбарони аз ҷониби мардуми диёр интихобшудаанд, балки нафароне ҳастанд, ки миллатҳои худро дар роҳи пешрафт, рушд ва шукуфоӣ пеш мебаранд. Онҳо пешвоёне мебошанд, ки бо муносибатҳои фидокоронаи шахсӣ дар асоси эътимод, самимият, манфиатҳои дӯстӣ ва таҳкими ҳамдигарфаҳмӣ бо ҳам муттаҳид шудаанд ва муносибатҳои неки ҳамсоягӣ ва шарикии ҳамаҷонибаи стратегӣ байни Тоҷикистон ва Чинро пайваста мустаҳкам менамоянд».
Ҳаммуаллифи чинии китоб Гэ Ҷили, дар навбати худ, ба аҳамияти истисноӣ ва нотакрор будани нашрия таъкид кардааст, ки услуб ва мундариҷаро ба ҳам хеле хуб пайвастааст. Бинобар андешаи ӯ, муаллифон вазифаи олии худро бо масъулият ва илҳоми саршори меҳр ба оммаи васеи хонандагон дар шакли навиштаи шево ва дастрас пешкаш намудани таърихи роҳҳои сиёсии роҳбарони бузурги ду давлати ҳамсояву дӯстро, ки даҳсолаҳоро дарбар мегиранд, иҷро кардаанд. Ӯ таъкид кард, ки дар фалсафаи Чин дӯстиро муқаддас мешуморанд. Бесабаб нест, ки дар як зарбулмасали бостонии чинӣ гуфта шудааст: «Дӯст доштан аз чор гӯшаи замин сарвати ҳақиқӣ аст» (四海之内皆朋友).
Муаллифон дар ин китоб доир ба марҳалаҳои ҳаёт, хидмати сиёсӣ ва ҷамъиятии Эмомалӣ Раҳмон ва Си Ҷинпин, сифатҳои сарварии онҳо, тасмимҳои қавии эшон, ки дар қабули қарорҳои муҳиму тақдирсоз дар рушди сиёсӣ, иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва фарҳангӣ-таърихии ду кишвар, ки нақши ҳалкунанда бозидаанд, ҳамчунин, дар бораи фаъолияти байналмилалӣ, ташаббусҳо ва таърихи ҳамкориҳои Тоҷикистону Чин ҳикоят намудаанд.
Ин китоб барои доираи васеи хонандагон, аз ҷумла ходимони давлатӣ, олимон, омӯзгорон ва донишҷӯён ҷолиб хоҳад буд.
Санаи нашр: 14.10.2025 №: 200
