ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР ОЙИНАИ НАЗАРИ СИЁСАТМАДОРОН
Владимир ПУТИН,
Президенти
Федератсияи Россия:
Эмомалӣ Раҳмон яке аз симоҳои барҷаста буда, дар байни сиёсатмадорони ИДМ мавқеи намоёнро ишғол мекунад. Ин беҳуда нест. Тамоми ҷидду ҷаҳди ӯ аз он шаҳодат медиҳад, ки дар Тоҷикистон раванди сулҳ тавре пойдор аст, ки назираш дар ҳеҷ як мамлакате, ки чунин вазъияти муташанниҷ дошт, дида намешуд. Ҳар он чи оид ба ин масъала дар Тоҷикистон амалӣ гардидааст, мисоли хубест барои бисёр халқҳову мамолики дигар.
Си ҶИНПИН,
Раиси Ҷумҳурии
Мардумии Чин:
Таҳти роҳбарии қатъии Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон ваҳдати миллӣ, суботи иҷтимоӣ ва беҳбуди некуаҳволии мардумро ба даст оварда, роҳи муваффақонаи тараққиётро пайдо кард, ки он бо вижагиҳои миллии кишвари худ мувофиқ буда, ҷониби Чин ба он баҳои баланд медиҳад.
Аҳмадшоҳи МАСЪУД,
Қаҳрамони миллии
Афғонистон:
Истиқлол ба Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон – сиёсатмадори сатҳи ҷаҳониро дод. Имрӯз ӯ машҳуртарин фарзанди Тоҷикистон ва тамоми тоҷикони ҷаҳон ва дӯсти ҳақиқии Афғонистон аст.
Шавкат МИРЗИЁЕВ,
Президенти
Ҷумҳурии Ӯзбекистон:
Мо дар Ӯзбекистон Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун ходими намоёни давлатӣ ва роҳбари таҷрибадоре, ки худро саропо ба хизмати халқу кишвараш бахшидааст, мешиносем.
Тоҷикистон зери роҳбарии хирадмандонаи ӯ дар бунёди давлатдорӣ ва сохти иҷтимоӣ ба муваффақиятҳои калон ноил гардид. Сатҳ ва сифати зиндагии мардум ба таври назаррас боло рафта, нуфузи кишвар дар арсаи байналмилалӣ пайваста таҳким меёбад.
Қосим – Жомарт ТОКАЕВ,
Президенти
Ҷумҳурии Қазоқистон:
Тули солҳои рушди мустақилона Тоҷикистон таҳти роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон роҳи дигаргуниҳои муҳимро тай намуд ва дар бунёди давлатдорӣ, баланд бардоштани некуаҳволии халқ ва нуфузи кишвар дар арсаи байналмилалӣ комёбиҳои бузург ба даст овард.
Илҳом АЛИЕВ,
Президенти
Ҷумҳурии Озарбойҷон:
Сиёсатмадорро бо сифат-ҳое чун хирадмандиву ҷасурӣ, ҳадафмандӣ ва аз ҳама муҳимаш, бо такя доштанаш ба дастгирии халқ мешиносанд. Вале боз омили дигари муҳим, ба андешаи ман, ин накуӣ мебошад, ки дар чашмони Эмомалӣ Раҳмон рӯшан аён аст. Муҳаббат ба халқи хеш, майли беҳсозии некуаҳволии онҳо, фаъолона ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ворид намудани Тоҷикистон ва таъмини ҳаёти шоиставу арзанда барои мардуми он мақсаду мароми ӯст.
Александр ЛУКАШЕНКО,
Президенти
Ҷумҳурии Беларус:
Тоҷикони шуҷоъ ва заҳматкаш, боистеъдод ва меҳмоннавоз аз Президенти худ Эмомалӣ Раҳмон ифтихор мекунанд.
Сиёсати хирадмандонаи пешгирифтаи ин шахсият кишварро ҳифз намуд, сулҳу оромиро ба ин сарзамин овард. Ва ба ин на танҳо шумо арҷ мегузоред, мо ҳама дар ИДМ ба ин кори наҷиб арҷ мегузорем.
Чан Дай КУАНГ,
собиқ Президенти
Ҷумҳурии Сотсиалистии
Ветнам:
Ветнам ҳамеша бо таваҷҷуҳ рӯйдодҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро пайгирӣ намуда, аз он бо хушнудӣ истиқбол мекунад, ки Тоҷикистон таҳти роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон дар самти рушди кишвар ба дастовардҳои назаррас ноил мегардад.
Нурсултон НАЗАРБОЕВ,
нахустин Президенти
Ҷумҳурии Қазоқистон:
Раванди сулҳ дар Тоҷикистон хусусияти устувор ва бебозгашт пайдо кардааст. Ва ин, бидуни шубҳа, хизмати бузурги Президент Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Ғалабаи боварибахши ӯ дар интихобот аёнан нишон дод, ки то чи андоза обрӯю эътибори Сарвари давлат дар ҷомеаи Тоҷикистон баланд аст, то чи андоза халқи тоҷик ояндаи худро бо ӯ пайвастааст.
Кочерил Раман НАРАЯНАН,
собиқ Президенти
Ҳиндустон:
Моро кӯшишҳои хаста-гинопазири Ҷаноби Олӣ, Президент Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати барқарорсозии сулҳ, оштии миллӣ ва раванди созанда дар Тоҷикистон, ки ҷомеаи муосири озод месозад, ба ҳайрат гузошт. Бовар дорам, ки ин кӯшишҳои халқи боистеъдод ва меҳнатдӯсти Тоҷикистон самари нек хоҳанд овард.
Гирдоваранда Бузургмеҳри БАҲОДУР, «Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 14.10.2025 №: 200
