ДЕВАШТИЧ. САФИ ҶАВОНМАРДОНИ ВАТАНДӮСТ ДАР ҲОЛИ АФЗОИШ АСТ!

14 октябр 2025, Сешанбе
31


Яке аз самтҳои корҳои ободонию созандагӣ ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ таъмиру мумфарш намудани роҳҳо ба шумор меравад. Хушбахтона, ҳамарӯза аз ҳар маҳаллаю деҳаҳои ноҳияи Деваштич хабарҳои тоза доир ба ин амали нек мерасанд.
Чунончи аз деҳаи Ғазантарак хабар расид, ки гурӯҳи калони сокинони маҳаллаи сеюми деҳа бо сарварии шахси ватандӯсту ободкор Дилмурод Саидмуродзода ба мумфаршкунии роҳи қариб яккилометра оғоз намуданд. Чун мо ба он ҷо рафтем, кор дар ҷӯш буд. Техникаҳои пуриқтидор асфалт мекашонданду грейдерҳо онро ҳамвор мекарданд. Сокинон мададгори ронандагон буданду каму кости роҳро барои ҳаракати бемонеа мутобиқ менамуданд.
– Ташаббуси Дилмурод Саидмуродзодаро деҳоти Ғазантарак, сокинони ватандӯст, аз ҷумла Баҳриддин Розиқов, Гадойбой Юлчиев, Элбек Олимов, Наим Ашуров ва гурӯҳи бонувон, дастгирӣ карданд. Хушбахтона, ин кор амалӣ гашт. Раиси ноҳия Ашуралӣ Ҷалилзода аз рафти кор дидан намуда, ба ободгарони диёр изҳори сипос кард, – мегӯяд раиси маҳаллаи деҳаи Ғазантарак Иброҳим Каттабеков.
Бегоҳии ҳамон рӯз дар саргаҳи роҳ, ки мумфаршкунӣ аз ҳамон нуқта сар шуда буд, тантана баргузор гардид. Сарояндаи хушовози деҳа Ином Каримов барои ташаббускорон чанд суруди хешро ҳадя кард. Раиси Ҷамоати деҳоти Ғазантарак Тахмина Абдуллоева ба саҳмгузорони ин амали фараҳбахш сипосномаҳо тақдим намуд. Зимнан зикр гардид, ки бо иқдоми соҳибкорон, ҷавонони дар муҳоҷирати меҳнатӣ буда ва шахсоне, ки барои зиёрати ҳаҷ маблағ пасандоз кардаанд, мумфаршкунии 12 км роҳ ба нақша гирифта шудааст. Хушбахтона, то имрӯз 8 километри он амалӣ гашт.
Вақте аз маркази деҳоти Ғазантарак бармегаштем, дорандаи медали Хизмати шоиста Ҳамроқул Қӯлдошев занг зад, ки дар кӯчаи Раҳимҷон Ашуров мумфаршкунӣ оғоз ёфт. Дар ин амали нек соҳибкор Акмал Ҷумъаев тӯдакаш мебошад. Умуман, дар муддати як ҳафта ду кӯчаи маҳаллаи Навобод бо риояи меъёрҳои роҳсозӣ мумфарш шуд. Боз хабар расид, ки сокинони деҳаи Ҳавутак роҳи 14-километраро бо рехтани 1135 КамАЗ қуму шағал таъмир карданд. Ин ба онҳо имкон медиҳад, ки ба воситаи деҳаи Лолазор ба шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд бароянд.
– Умуман, дар давраи сипаришудаи соли равон наздик ба 60 километр роҳ мумфарш шуд. Роҳи 5-километраи Қалъаи Дӯст – Басманда бо дастгирии молиявии МИҲД-и вилояти Суғд ба маблағи қариб 4 миллион сомонӣ мумфарш гардид. Дар як вақт роҳҳои деҳаҳои Хоҷаҳо, Метку Росровут, Қалъаи Мирзобою Шоҳон, Зарнисору Хӯҷатоҳир, Нурободу Меҳробод аз 1 то 8 км мумфарш шуданд. Дар байни деҳаҳои Истиқлолу Меҳробод пуле бунёд ёфт, ки мушкилоти сокинонро бартараф намуд. Барои амалишавии ин корҳо, пеш аз ҳама, раиси ноҳия Ашуралӣ Ҷалилзода, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва кумитаҳои маҳалла дар сарҷамъию сафарбарии мардум саҳми босазо доранд, – мегӯяд муовини раиси ноҳия Насриддин Комилзода.
Вақте ки ба ин сатрҳо нуқта мегузоштем, аз деҳоти Яхтан хабар доданд, ки таъмири роҳи Яхтан – Баҳористон оғоз ёфт…
Хушбахтона, имрӯзҳо мардуми меҳнатқарину ватандӯсти ноҳия корҳои ободонию бунёдкориро шиори худ қарор додаанд. Ин аст, ки Деваштич – ноҳияи дурдасти кишвар ободу шукуфон мегардад.

Эгамназар СОҲИБНАЗАРОВ, ноҳияи Деваштич

Санаи нашр: 14.10.2025 №: 200