ДАНҒАРА. МЕҲМОНХОНАИ САЙЁҲӢ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД
![]()
Ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳоти Исмат Шарифи ноҳияи Данғара корҳои созандагиву бунёдкорӣ дар авҷ аст. Симои деҳот рӯз ба рӯз зеботару дилработар мегардад. Роҳҳои мумфарш, кӯчаву гулгаштҳои тозаю озода, муассисаҳои таълимӣ, марказҳои хизматрасонӣ ва иншооти хуштарҳу замонавии маъмурию маишӣ дар деҳот далели ин гуфтаҳоянд.
Ҷиҳати таҷлили сазовори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ чанде пеш бо иштироки раиси ноҳия Сиҷоуддин Саломзода дар деҳаи Булёни Поён маркази хизматрасонии сайёҳӣ ба истифода дода шуд. Марказ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд шуда, аз 8 ҳуҷраи хоб, ҷойи қабули меҳмонон, ошхона ва дигар хизматрасониҳо иборат мебошад.
Бояд зикр кард, ки дар назди маркази хизматрасонии сайёҳӣ кӯли моҳипарварӣ ҷойгир аст, ки меҳмонон метавонанд, аз тамошо ва зебоиҳои он лаззат баранд.
Дарвеш ҚУРБОНОВ, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 16.10.2025 №: 202