КОНВЕНСИЯ. ҲАДАФ ҲИФЗИ ҲАЁТИ ШАҲРВАНДОН АСТ

16 октябр 2025, Панҷшанбе
13


Дар ҷаласаи якуми иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум “Конвенсия оид ба таъсири фаромарзии садамаҳои саноатӣ аз 17 марти соли 1992” баррасӣ гардид.
Раҳим Санъат, сардори Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, зимни баррасии Конвенсия иброз дошт, ки ҳадафи асосии он ҳифзи ҳаёт ва саломатии одамон, инчунин, муҳити зист тавассути пешгирӣ аз садамаҳо, баланд бардоштани омодагӣ ва кам кардани оқибатҳои онҳо мебошад, махсусан вақте ки хатар метавонад ба кишварҳои ҳамсоя низ паҳн гардад.
Зикр шуд, ки Конвенсия оид ба таъсири фаромарзии садамаҳои саноатӣ соли 1992 қабул шуда, соли 2000 эътибор пайдо кард. То имрӯз 41 кишвар ва Иттиҳоди Аврупо аъзои конвенсия мебошанд. Аз соли 2001 дар Осиёи Марказӣ Ҷумҳурии Қазоқистон узви ин конвенсия мебошад.
Гуфта шуд, ки ҳамроҳшавӣ ба конвенсия барои Тоҷикистон як қадами муҳим аст. Пеш аз ҳама, сатҳи бехатарии саноатӣ ва ҳифзи аҳолӣ баланд гардида, ҳамкории фаромарзӣ бо кишварҳои ҳамсоя ба роҳ монда мешавад.
Ҳамчунин, тавассути низоми байналмилалии ҳамкориҳо Тоҷикистон ҳамчун тараф метавонад дар қабули қарорҳои ҷонибҳо ширкат кунад, барномаи кори конвенсияро ташаккул диҳад ва, инчунин, аъзои бюро ва гурӯҳи корӣ оид ба татбиқро пешбарӣ намояд. Ба ин тартиб, Тоҷикистон дар муносибатҳои худ бо дигар тарафҳои конвенсия ва табодули таҷрибаи пешқадам дар татбиқи он садои қавитар хоҳад дошт ва бо ин роҳ, эътимоди сармоягузорон зиёд гардида, нуфузи байналмилалии кишвар боз ҳам тақвият меёбад.
– Конвенсия оид ба таъсири фаромарзии садамаҳои саноатӣ аз 17-уми марти соли 1992 дар шаҳри Хелсинкӣ (Финляндия) ба имзо расида, аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст, – гуфт Нуралӣ Ниязов, узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия.
Шодмон АБДУРАҲИМ,
“Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 16.10.2025 №: 202