Рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ
15-уми октябр дар шаҳри Вашингтон дар доираи ҷаласаҳои солонаи Бонки ҷаҳонӣ ва Хазинаи байналмилалии асъор мулоқоти муовини якуми Сарвазир Ҳоким Холиқзода бо ноиби президенти Бонки ҷаҳонӣ оид ба кишварҳои Аврупо ва Осиёи Марказӣ хонум Антонелла Бассани баргузор гашт.
АМИТ «Ховар» иттилоъ додааст, ки ҷонибҳо сатҳи баланди ҳамкории дуҷониба ва нақши калидии Бонки ҷаҳониро ҳамчун яке аз шарикони асосии рушд барои Тоҷикистон таъкид намуданд. Ҳамзамон, масъалаҳои тавсеаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои афзалиятнок мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Ширкати Сулаймон Зиёзода дар Муколамаи Рим оид ба масъалаҳои об
«15-уми октябр дар қароргоҳи Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ (FAO) дар пойтахти Италия – шаҳри Рим, муовини Сарвазир Сулаймон Зиёзода дар Муколамаи Рим оид ба масъалаҳои об – 2025 (Rome Water Dialogue 2025) иштирок ва суханронӣ намуд»,– хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Зимни суханронӣ Сулаймон Зиёзода бо ёдоварӣ аз ташаббусҳои байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи обу иқлим таъкид намуд, ки Тоҷикистон ба таври воқеӣ масъалаи обро яке аз самтҳои калидии сиёсати дохилӣ ва хориҷии худ мешуморад ва пешоҳанги ташаббусҳои байналмилалӣ дар соҳаи обу иқлим мебошад.
Вохӯрии котибони шуроҳои амнияти давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Ҳиндустон
16-уми октябр дар шаҳри Бишкек вохӯрии навбатии мушовирони амнияти миллӣ – котибони шуроҳои амнияти давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Ҳиндустон баргузор гардид.
АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ки қабл аз оғози вохӯрӣ ҳайатҳоро Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров ба ҳузур пазируфт. Зимни вохӯрӣ ҳамкории дастҷамъона ва андешидани тадбирҳои муштарак бар зидди таҳдиду хатарҳои муосир муҳим арзёбӣ шуд.
Ҳайати ҳокимияти судии Тоҷикистон дар Женева
14-15 октябр ҳайати ҳокимияти судии ҷумҳурӣ таҳти роҳбарии раиси Суди Олӣ Рустам Мирзозода дар шаҳри Женева дар Форуми байналмилалии судяҳо оид ба моликияти зеҳнӣ иштирок намуд.
Аз дафтари матбуотии Суди Олӣ ба мо иттилоъ доданд, ки дар доираи Форум бо мақсади таҳкими ҳамкории байналмилалӣ дар самти моликияти зеҳнӣ ва табодули таҷриба бо созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ вохӯрии муовини директори генералии Созмони ҷаҳонии моликияти зеҳнӣ (WIPO) бо раиси Суди Олии Тоҷикистон баргузор гардид.
ТОҶИКИСТОН ВА ҶОПОН. Тавсеаи ҳамкорӣ дар самти рушди «энергетикаи сабз»
«Ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкории дуҷониба байни Тоҷикистон ва Ҷопон дар соҳаи энергетика дар мулоқоти вазири энергетика ва захираҳои об Далер Ҷумъа бо сафири фавқулода ва мухтори Ҷопон дар ҷумҳурӣ хонум Кейко Фурута баррасӣ шуд», – иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».
Мусоҳибон ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкории дуҷонибаро дар соҳаҳои энергетика ва захираҳои об муҳокима намуда, ба масъалаҳои тавсеаи муносибатҳо дар самти рушди «энергетикаи сабз», татбиқи лоиҳаҳои муштараки инфрасохторӣ ва баланд бардоштани иқтидори техникӣ таваҷҷуҳ зоҳир карданд.
