ХУРОСОН. ДУРНАМОИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ ПАХТА 100,20 ДАРСАД ИҶРО ШУД

17 октябр 2025, Ҷумъа
30


16-уми октябр раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ дар ноҳияи Хуросон аз фаъолияти корхонаи коркарди пахтаи ҶДММ Иттиҳоди аграрии «Водии заррин» дидан намуда, дар маросими ҳавасмандгардонии хоҷагиҳои деҳқонӣ иштирок ва ба онҳо туҳфаҳо тақдим намуд.
Рустамшо Ҷаҳонгир, мудири шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон, ба воситаи телефон ба “Ҷумҳурият” хабар дод, ки кишоварзони ноҳияи Хуросон дурнамои ҷамъоварии пахтаро 100,20 дарсад иҷро намуда, то имрӯз 7 ҳазору 13 тонна "тиллои сафед" ҷамъ кардаанд.
Зимни мулоқоти самимӣ бо хоҷагидорон ва раисони ҷамоатҳо раиси вилоят Давлаталӣ Саид иҷрои нишондоди дурнамои истеҳсолии пахтаро бо хушнудӣ пазируфта, ин дастоварди назаррасро ба онҳо ва кулли пахтакорони ноҳия табрику муборакбод намуданд.
Инчунин, Давлаталӣ Саид ба масъулони соҳа, хоҷагидорону мутахассисон, деҳқонон, обмонҳо, механизаторон ва чинакчиёни чобукдаст, ки дар кишту парвариш, ҷамъоварӣ ва оростани хирмани имсола саҳми худро гузоштаанд, изҳори сипос намуданд.
Дурнамои 19 шаҳру ноҳияҳои пахтакори вилояти Хатлон имсол 254 300 тонна мебошад, ки то имрӯз 217 209,2 тонна пахта ҷамъ шудааст, ки баробари 85 дарсади дурнамои солона мебошад.
То имрӯз ҳафт шаҳру ноҳия: Левакант, Бохтар, Дӯстӣ, Ёвон, Данғара, Вахш ва Хуросон пурра аз иҷрои дурнамои пахта баромадаанд.

Кароматулло АТО, "Ҷумҳурият"

Санаи нашр: 17.10.2025 №: 203