Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи гурӯҳи кишварҳои аъзои Хазинаи байналмилалии асъор
Ҳайати ҷумҳурии мо таҳти роҳбарии муовини якуми Сарвазир Ҳоким Холиқзода дар маҷлиси машваратии кишварҳои аъзои ҷаласаҳои солонаи Хазинаи байналмилалии асъор ва Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ иштирок кард.
Тавре АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ки дар ҷаласа доираи васеи масъалаҳои молиявӣ, аз қабили таъмини суботи иқтисодӣ, сиёсати пулию қарзӣ бо назардошти вазъи геосиёсӣ, дурнамои рушд, таъсири номуайянӣ ва хатарҳо дар пасманзари муноқишаҳои давомдор, инчунин, дигар масоили аҳамияти ҷаҳонӣ мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Ҷаласаи ҳайати мушовараи Вазорати корҳои хориҷӣ
17-уми октябр ҷаласаи навбатии ҳайати мушовараи Вазорати корҳои хориҷӣ баргузор гашт.
Тавре ба хабарнигори мо аз маркази матбуоти Вазорат иттилоъ доданд, дар нишаст натиҷаҳои фаъолият дар нуҳ моҳи соли равон ҷамъбаст гардида, нақша ва вазифаҳо барои семоҳаи навбатӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Лоиҳаи бунёди хатти баландшиддати интиқоли барқи САSА – 1000 татбиқ мешавад
Тоҷикистон якҷо бо шарикони рушд аввалин лоиҳаи фароминтақавии бунёди хатти баландшиддати интиқоли барқ САSА – 1000-ро, ки шабакаҳои барқии Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубиро бо ҳам мепайвандад, татбиқ намуда истодааст.
«Корҳои сохтмони лоиҳаи мазкур дар қисмати Тоҷикистон, Қирғизистон ва Покистон ба анҷом расида, дар қисмати Афғонистон дар марҳалаи анҷомёбӣ қарор доранд».
Дар ин хусус зимни Форуми байналмилалии сармоягузории «Душанбе Инвест – 2025», ки аз 14 то 16-уми октябр дар пойтахти мамлакат баргузор гардид, иттилоъ дода шуд.
Тавсеаи ҳамкории Тоҷикистону Қатар дар самти меҳнат ва шуғли аҳолӣ
Дар шаҳри Давҳа вохӯрии вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Солеҳа Холмаҳмадзода бо директори генералии Ширкати «Qatar Manpower Solutions Co.» Абдулҳодӣ Бахит Барқан баргузор гашт.
АМИТ «Ховар» хабар додааст, ки зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои татбиқи дастурҳои роҳбарияти олии ду мамлакатро дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ, ҷалби бештари шаҳрвандони Тоҷикистон ба бозори меҳнати Қатар, эҷоди ҷойҳои нави кор ва бартарафсозии мушкилиҳои соҳа дар доираи талаботи Созишномаи байниҳукуматӣ оид ба ҷалби қувваи корӣ аз Тоҷикистон ба Қатар мавриди баррасӣ қарор доданд.
«КИТОБИ ДУШАНБЕ»
Оғози Намоишгоҳи сездаҳуми байналмилалӣ
Имрӯз дар Китобхонаи миллӣ Намоишгоҳи сездаҳуми байналмилалии «Китоби Душанбе» оғоз ёфт.
Дар Намоишгоҳ намояндагони корхонаҳои табъу нашри беш аз даҳ давлати ҷаҳон ва ноширони Тоҷикистон китобҳои тозанашрро ба намоиш гузоштанд.
Ҳадаф аз баргузории Намоишгоҳ муаррифии китоб ва таҳкиму густариши робитаҳои фарҳангии Тоҷикистон бо дигар мамлакатҳои ҷаҳон, ташвиқу тарғиби китоб ва китобхонӣ дар ҷомеа мебошад.
