ТОҶИКИСТОН ВА ФАРОНСА. ГУСТАРИШИ ҲАМКОРӢ ДАР СОҲАИ НАҚЛИЁТ

20 октябр 2025, Душанбе
18


Дар Душанбе мулоқоти муовини якуми вазири нақлиёт Фаррух Неъматзода бо сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Элза Пинёл баргузор гашт.

Тавре дар Вазорати нақлиёт ба хабарнигори рӯзномаи «Ҷумҳурият» хабар доданд, дар суҳбат дурнамои густариши ҳамкориҳои Тоҷикистону Фаронса дар соҳаи нақлиёт ва логистика баррасӣ шуд. Аз ҷумла, дар бораи имкониятҳои афзоиши ҳаҷми боркашонӣ бо истифода аз бандарҳо ва анборҳои Фаронса табодули назар сурат гирифт. 

Дар робита ба ин, ҷонибҳо тасмим гирифтанд, ки раванди мувофиқаи лоиҳаи созишнома миёни ду кишвар дар бораи ҳамлу нақли байналмилалии автомобилиро суръат мебахшанд.

Ҳамзамон, роҳҳои ҷалби ширкатҳои фаронсавӣ ба таъсис ва рушди марказҳои нақлиётию логистикӣ, инчунин, инфрасохтор барои нобудсозии (утилизатсияи) батареяҳои мошинҳои барқӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ гардиданд.
Илова бар ин, тавре таъкид шуд, корхонаҳои фаронсавӣ ба насби таҷҳизоти плазаҳои толлингӣ дар роҳҳои автомобилгарди Тоҷикистон изҳори алоқа кардаанд.

Кароматулло АТО,
“Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 20.10.2025 №: 204