«ДУШАНБЕ ИНВЕСТ-2025»: МАЙДОНИ МУҲИМИ МУАРРИФИИ ДАСТОВАРДҲОИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН ВА ҶАЛБИ САРМОЯИ ХОРИҶӢ
Дар чаҳорчӯби Форуми байналмилалии сармоягузории «Душанбе Инвест – 2025», ки рӯзҳои 14-16-уми октябри соли ҷорӣ таҳти унвони «Сармоягузориҳои сабз»: имкониятҳои имрӯза барои устувории фардо» дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, дар маҷмуъ, 52 созишнома ва санади нави ҳамкорӣ ба маблағи умумии 4,1 миллиард доллари ИМА дар самтҳои энергетика, саноат, алоқа, рақамисозӣ, шарикии давлат бо бахши хусусӣ ва амсоли инҳо ба имзо расид. Аз ин шумора, 17 созишнома ба маблағи 501 миллион доллар ба шаҳри Душанбе тааллуқ дорад.
Ёдовар мешавем, ки 14-уми октябр Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Кохи Ваҳдати пойтахт дар Форуми байналмилалии сармоягузории «Душанбе Инвест – 2025» ширкат варзида, суханронӣ карданд. Роҳбари давлат бо ифтихор изҳор доштанд, ки Тоҷикистони муосир кишвари дорои иқтисодиёти босуръат тараққиёбанда, муносибатҳои байналмилалии устувор ва фазои мусоиди сармоягузорӣ мебошад. Сарвари давлат бо ёдоварӣ аз иқтидори бузурги гидроэнергетикӣ, захираҳои ғании маъдан ва сарватҳои муҳими стратегӣ, сармояи инсонӣ ва мавқеи стратегии кишвар таъкид намуданд, ки Тоҷикистон метавонад ба як маркази калидии нақлиётӣ ва энергетикӣ дар Осиёи Марказӣ табдил ёбад.
Мавриди зикр аст, ки Форуми байналмилалии сармоягузории «Душанбе Инвест – 2025» ба майдони муҳими муаррифии дастовардҳои иқтисодии Тоҷикистон ва ҷалби сармояи хориҷӣ мубаддал гардид. Иштироки беш аз 1500 намоянда аз 50 кишвари ҷаҳон гувоҳи равшани таваҷҷуҳи рӯзафзун ба иқтисоди кишвар ва имкониятҳои беназири сармоягузории он мебошад. Имзои 52 созишнома ва санади ҳамкорӣ аз натиҷаҳои назарраси Форум ба шумор рафта, барои рушди соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт мусоидат хоҳад кард.
Таваҷҷуҳи хосса ба «сармоягузории сабз» дар ҷараёни Форум нишони он аст, ки Тоҷикистон ба рушди устувор ва ҳифзи муҳити зист аҳамияти аввалиндараҷа медиҳад. Ин самт ба истихроҷ ва коркарди маъданҳои муҳими стратегӣ, ки дар «гузариши сабз»-и иқтисоди ҷаҳонӣ нақши калидӣ доранд, вобаста аст.
Форуми «Душанбе Инвест – 2025» платформаи муҳими табодули афкор, донишу таҷриба, муаррифии имкониятҳои сармоягузорӣ ва роҳандозии ҳамкорӣ байни намояндагони ҳукуматҳо, созмонҳои байналмилалӣ, институтҳои молиявӣ, ширкатҳову созмонҳои тиҷоратӣ, сармоягузорону соҳибкорон гардид. Баргузории ҷаласаҳои пленарӣ ва ҳамоишҳо бо мавзуъҳои гуногун имкониятҳои нави ҳамкорӣ ва рушдро дар соҳаҳои «сармоягузории сабз», рақамикунонӣ, саноат, кишоварзӣ, сайёҳӣ ва молия фароҳам овард. Форуми мазкур барои муаррифии васеи имкониятҳои сармоягузории Тоҷикистон ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва таҳкими робитаҳои иқтисодӣ ва муколамаи созанда бо шарикони хориҷӣ роҳ кушод. Чорабинӣ имкон фароҳам овард, ки Тоҷикистон ҳамчун кишвари дорои иқтисодиёти рушдёбанда, муҳити созгори сармоягузорӣ ва иқтидори бузурги минтақавӣ ба ҷаҳониён муаррифӣ гардад. Форум барои таҳкими мавқеи Тоҷикистон ҳамчун шарики боэътимод дар арсаи ҷаҳонӣ ва маркази ҷолиби сармоягузорӣ мусоидат хоҳад кард.
Умед аст, ки татбиқи муваффақонаи созишномаҳо ва санадҳои баимзорасида дар ҷараёни Форуми байналмилалии сармоягузории «Душанбе Инвест – 2025» ба рушди соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти Тоҷикистон, таъсиси ҷойҳои нави кор ва баланд бардоштани сатҳи зандагии мардум мусоидат менамояд.
Шаҳноз ҚУРБОН,
«Ҷумҳурият»
