БОЗИҲОИ МАҶМУӢ

20 октябр 2025, Душанбе
8


Варзишгарони Тоҷикистон аввалин медалро ба даст оварданд
Аз 22 то 31-уми октябр дар Баҳрайн 3-юмин Бозиҳои осиёии наврасон доир мегардад. Ба барномаи Бозиҳо 26 намуди варзиш шомил аст ва аз рӯйи онҳо 256 мусобиқа баргузор мешавад.
Дар асоси барномаи Бозиҳо, аллакай, баъзе мусобиқаҳо – ҳендбол, пенсак-силат, каббода ва кураш 19-уми октябр оғоз гардиданд. Варзишгарони мо дар намуди кураш аввалин медал ба даст оварданд. Абубакр Тураев дар вазни 65 кг сазовори медали биринҷӣ гашт.
Дар 3-юмин Бозиҳои осиёии наврасон Тоҷикистонро 65 варзишгар аз рӯйи 12 намуди варзиш: варзиши сабук, шиноварӣ, бокс, бадминтон, ҷудо, гӯштии тарзи озод ва юнонӣ-римӣ, кураш, варзиши электронӣ, ҷиу-ҷитсу, муай, таеквондо, ММА, намояндагӣ мекунанд.
Ёдрас мекунем, ки дар 2-юмин Бозиҳои осиёии наврасон, ки соли 2013 дар Нанҷинги Чин доир гашта буд, варзишгарони мо 2 медал – як нуқра, як биринҷӣ ба даст оварда буданд.


ФУТБОЛ
Даври 19-уми Лигаи олӣ чӣ гуна гузашт?
5 бозии даври 19-уми Чемпионати футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои Лигаи олӣ баргузор шуд. Як бозии дигар миёни дастаҳои “Вахш” – “Истиқлол”, бо сабаби омодагии “Истиқлол” ба даври сеюми Лигаи дуюми чемпионҳои Осиё-2025-2026, мавқуф гузошта шуд.
Дар даври 19-ум “Хуҷанд” бар “Ҳосилот” (2:1), “Эсхата” бар “Панҷшер” (1:0), “Истаравшан” бар КМВА (2:1) пирӯз гашта, бозиҳо миёни тимҳои “Регар-ТадАЗ” – “Ҳулбук” (0:0), “Равшан” – “Барқчӣ” (2:2) мусовӣ анҷом ёфтанд.
Дар ҷадвали мусобиқа чун пештара “Вахш” бо 37 хол аз 18 бозӣ дар ҷойи аввал аст. “Истиқлол” бо 34 хол аз 16 бозӣ дар мақоми дуюм, “Равшан” бо 33 хол аз 19 бозӣ дар зинаи сеюм мавқеъ доранд.
Даври навбатии Чемпионат 24-26-уми октябр ба нақша гирифта шудааст. 22-юми октябр бошад, “Истиқлол” дар доираи даври сеюми Лигаи дуюми чемпионҳои Осиё-2025-2026, дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор бо тими “Ал-Завраа” (Ироқ) вомехӯрад.


Марокаш – чемпиони ҷаҳон
Ҷоми ҷаҳонии футбол - 2025 миёни ҷавонони то 20-сола бо пирӯзии тими ҷавонони Марокаш ба анҷом расид. Ин аввалин бор аст, ки Марокаш унвони баландро ба даст меоварад.
Ҷоми ҷаҳонии футбол миёни ҷавонон (U-20) аз 27-уми сентябр то 19-уми октябр дар Чили доир гашт. Дар он 24 даста ширкат дошт. Марокаш дар финал бар тими Аргентина бо ҳисоби 2:0 ғалаба кард. Дар бозӣ барои ҷойи сеюм бошад, Колумбия бо ҳисоби 1:0 Фаронсаро шикаст дод.
Чемпионати ҷаҳонии футбол (U-20) таҳти сарпарастии FIFA аз соли 1977 дар ду сол як маротиба баргузор мешавад.

Умаралӣ САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 20.10.2025 №: 204