ҶАЛОЛУДДИНИ БАЛХӢ. ҶОЙГОҲИ МУТАФАККИРИ ТОҶИК ДАР АДАБИЁТИ АРАБ

20 октябр 2025, Душанбе
33


Мутафаккири бузурги тоҷик Ҷалолуддини Балхӣ, маъруф ба Мавлоно, яке аз чеҳраҳои барҷастаи адабиёти ирфонӣ ва тасаввуфи асри XIII мебошад. Агарчи осори ӯ, асосан, ба забони тоҷикӣ навишта шуда бошад ҳам, таъсири амиқи он ба адабиёти араб қобили таваҷҷуҳ аст.

Дар “Девони Шамс” беш аз 100 ғазал ба забони арабӣ ва зиёда аз 120 ғазали дузабона (тоҷикӣ-арабӣ) мавҷуд аст. Мавлоно бо истифодаи санъати муламмаъ – омезиши забонҳо дар як ғазал – забонро ба воситаи ваҳдати маънавӣ табдил медиҳад. Мисраъҳои арабӣ дар вазни тоҷикӣ ва баръакс, нишон медиҳанд, ки ӯ на танҳо шоир, балки мусиқишинос ва маъниофарини забонҳо низ буд.
Осори Мавлоно, бахусус “Маснавии маънавӣ” ва “Девони Шамс”, ба забони арабӣ тарҷума ва шарҳ шудаанд. Муҳаққиқони араб, аз ҷумла Абдулваҳҳоб Иззом, Муҳаммад Абдуссалом Кафофӣ, Иброҳим ад-Дасуқӣ, дар таҳлили осори ӯ саҳми назаррас гузоштаанд. Дар ҷаҳони араб Мавлоно ҳамчун намунаи орифи комил ва шоири ваҳдати вуҷуд шинохта мешавад.
Ашъори арабии Мавлоно бо истифодаи вазнҳои гуногун, санъатҳои бадеӣ ва рамзҳои ирфонӣ, ба шеъри арабизабони асри XIII таъсири амиқ гузоштааст. Мавлоно дар ғазалҳои арабии худ зиёда аз 40 вазни шеъриро истифода бурдааст.
Дар донишгоҳҳои арабизабон, бахусус Миср, Лубнон ва Сурия, осори Мавлоно ҳамчун манбаи омӯзиши ирфон ва фалсафаи исломӣ истифода мешаванд ва дар муҳити академӣ ҳамчун намунаи ваҳдати фарҳангӣ мавриди омӯзиш қарор гирифтаанд.
Ҷалолуддини Балхӣ дар адабиёти араб на танҳо ҳамчун шоир, балки ҳамчун орифи мутасаввиф ва мутафаккири забоншинос ҷойгоҳи хосса дорад. Ашъори арабии ӯ, ки бо мафҳумҳои ирфонӣ ва забони баланд суруда шудаанд, ба рушди шеъри араб ва ирфони исломӣ мусоидат намудаанд. Мавлоно рамзи ваҳдати фарҳангҳо, забонҳо ва мафҳумҳои маънавӣ дар ҷаҳони исломист.

Одинааҳмад САИДЗОДА,
номзади илмҳои филология

Санаи нашр: 20.10.2025 №: 204