ҶАШНИ ШОҲОНУ ХУСРАВОН ОМАД

20 октябр 2025, Душанбе
10


Ҷашни Меҳргон яке аз зеботарин идҳои мардумӣ аст, ки дар фасли пойиз ид карда мешавад. Он аз ниёгон ба мо ба мерос мондаву то ба имрӯз бо шукӯҳу шоҳомати хосса таҷлил мешавад. Меҳргон низ ба монанди аксари ҷашнҳои бостонии ниёгонамон, чун Наврӯз, Сада ва Тиргон ба зиндагии мардум, тақвими кишоварзӣ, шабоҳатҳои одамон бар табиат, тасаввуроти инсон нисбат ба ҳаракати Офтобу Моҳу Замин, баракати зиндагӣ, ҷамъоварии самараи кори кишоварзон ва монанди ин пайванди ногустанӣ дорад. Ин Ҷашн ба рӯзи меҳр, ки дар тақвими шамсӣ рӯзи понздаҳуми Меҳрмоҳ аст, рост меояд. Дар баъзе мавридҳо мардум фасли тирамоҳро фасли Меҳргон низ мегӯянд.
Меҳргон таърихи бостонӣ дорад. Ҳамчун маросими қадимаи тоҷикон асрҳост, ки рамзи дастоварду натиҷаҳои заҳмати кишоварзон ва айёми баракату фаровонии сол таҷлил мегардад. Агар Иди Наврӯз дар рӯзи аввали ба бурҷи ҳамал даромадани Офтоб, оғози фарвардинмоҳ, ибтидои баҳор, ҳангоми баробар шудани шабу рӯзи баҳорӣ ҷашн гирифта шавад, Меҳргон ҳангоми дар бурҷи мизон қарор доштани Офтоб таҷлил карда мешавад. Албатта, маълум аст, ки ба бурҷи мизон даромадан ва аз он баромадани Офтоб як моҳро (аз 23-юми сентябр то 23-юми октябр) ташкил медиҳад. Дар гузашта ва ҳоло ҳам ибтидои Меҳргонро замони баробар шудани рӯзу шаби тирамоҳӣ донистаанд. Гузаштагони бофарҳангамон санаи 15-уми меҳрмоҳро Рӯзи Меҳр меномиданд ва одатан Ҷашни Меҳргон дар ҳамин рӯз таҷлил мешуд. Ҳамин тавр, Меҳргон баробари инкишофи зироатчигӣ ва ҷорӣ гардидани тақвими деҳқонӣ пайдо шуда, иди ҳосилот ва намоиши дастранҷи кишоварзон гардидааст. Дар мавсими ҷамъоварии ҳосили меҳнати марди деҳқон ҷашн гирифтани Меҳргон басо рамзӣ буда, ҳамчун иди касбии кишоварзон қабул шудааст.
Бешубҳа, Ҷашни Меҳргон реша дар таърихи гузашта дошта, онро ҳанӯз дар асри Х қофиласолори адабиёти тоҷик устод Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ хеле зебо сурудааст:
Малико, ҷашни Меҳргон омад,
Ҷашни шоҳону хусравон омад.
Ҳаз ба ҷойи мулҳаму хиргоҳ,
Бадали боғу бӯстон омад.

Дар ин бора Сарвари давлат хеле бамаврид таъкид намудаанд: “Меҳргон ба монанди Иди Наврӯз таҷассумгари суннатҳои неки инсонист, ки файзу баракати хони пурнеъмати кишоварзонро инъикос менамояд. Бинобар ин, зарур аст, ки ҳар сол ба шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил карда шавад. Аз ин хотир, фарҳанги ғании мардуми тоҷик, ки аз қадимулайём бо замин сару кор доштанд ва соҳиби маданияти баланди заминдорӣ буданд, то имрӯз зинда боқӣ мондааст ва ҳамчун ҷузъи таркибии тамаддуни умумибашарӣ барои инсоният хизмат менамояд”.
Иди Меҳргонро гузаштагонамон тайи чанд рӯз ва пуршукӯҳ таҷлил менамуданд. Рӯзи аввали Ид “Меҳргони омма” номгузорӣ мешуд ва мардум дар ин рӯз ба сайр мебаромаданд. Одамон либоси хоссаи сурх, арғувонӣ мепӯшиданд ва ба шодбошии ҳамдигар мерафтанд. Дар бораи анъанаҳои неки ин Ҷашн дар осори дигар адибону муаррихон маълумоти фаровон оварда шудааст. Анъанаҳои неки кишоварзону деҳқонон, оростани дастархон ва намоиши маҳсулоти кишоварзӣ маҳз хоси рӯзҳои Иди Меҳргон будааст. Ҷашни Меҳргон дастархоне аз матои сурх густурда, онро бо нону мева оро медоданд. Кадбонувон аз ҳафт навъи зироат нон мепухтанд: гандум, ҷав, арзан, ҷуворӣ, наск, биринҷ ва лӯбиё.
Солиёни зиёд миёни мардуми мо дар минтақаҳои гуногун Меҳргон бо номи “Иди ҳосил” ҷашн гирифта мешуд. Мардум ҳар тирамоҳ бо нишони шукргузорӣ аз ҳосил ва фаровонии зироату меваҷот маъракаи пуршукӯҳ барпо мекард. Ҳамчунин, дар ин давра кишоварзон бо омадани Меҳргон ҳашару идҳои оммавӣ, мисли сайругашт, идҳои харбуза, себ ё ягон маросими хурсандӣ доир менамуданд.
Дар Тоҷикистони офтобрӯяи мо ҳар сол Меҳргон моҳи октябр таҷлил мегардад. Дар бозорҳо мардум дастовардҳои кишоварзии соли равонро ба намоиш бароварда, гурӯҳҳои ҳунарӣ даста-даста дар фазои озод таронасароӣ менамоянд. Ярмарка-фурӯши маҳсулоти гуногуни кишоварзӣ барпо мешавад, ки бо нархи арзон мардум барои зимистон аз ин маҳсулот захира созанд.
Дар айёми Ҷашни Меҳргон, ки Офтоб ба бурҷи мизон мерасад, замин - модар шираи меҳрашро ба воситаи ҳосили зироат, меваҳои шаҳдбор ҳадия мекунад. Бошад, ки он ба мардуми тоҷик файзу баракат ва фаровонӣ ато созад.

Маҷид САЛИМ,
адиб

Санаи нашр: 20.10.2025 №: 204