НАХУСТИН ФОРУМИ СУЛҲ. БАРДОШТ АЗ ШАҲРИ ФАРҒОНА

21 октябр 2025, Сешанбе
17


15-уми октябр нахустин ҷаласаи Форуми сулҳи Фарғона дар мавзуи “Водии Фарғона: ҳамбастагӣ барои сулҳ ва рушд” сурат гирифт ва ду рӯз давом кард. Дар ин ҳамоиш беш аз 300 намоянда аз кишварҳои Осиёи Марказӣ, ИДМ, Осиё, Аврупо ва Амрико ҳузур дошт. Дар нишаст аз Тоҷикистон раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ширкат намуд.
Дар маросими ифтитоҳи ҳамоиш гуфта шуд, ки нахустин Форуми сулҳи Фарғона барои ба сатҳи нав баровардани дӯстӣ ва ҳамкории байни халқҳо ҳамчун платформаи муҳим хидмат хоҳад кард. Боз таъкид гардид, ки он ифодаи амалии сиёсати Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев барои табдил додани Осиёи Марказӣ ба минтақаи сулҳ, ҳамсоягии нек ва ҳамкорӣ мебошад.
Хайрулло Бозоров, ҳокими вилояти Фарғона, гуфт, ки тайи нуҳ соли охир муносибатҳои неки ҳамсоягӣ миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ, хусусан вилоятҳои водии Фарғона – Андиҷон, Намангон ва Фарғона (Ҷумҳурии Ӯзбекистон), вилояти Суғд (Ҷумҳурии Тоҷикистон) ва вилоятҳои Боткент, Ӯш ва Ҷалолобод (Ҷумҳурии Қирғизистон), беш аз пеш мустаҳкам мегарданд. Ба шарофати сиёсати ошкоро ва амалии сарварони се давлати ҳамҷавор, инчунин, ташаббусҳои рушди муносибатҳои дӯстона ва судманд ба сатҳи нав баромада, ба манфиати халқҳои ӯзбек, тоҷик ва қирғиз равона шудаанд.
– Яке аз рухдодҳои таърихӣ баргузории Наврӯзи байналмилалӣ дар Хуҷанд буд. Дар Ҷашни бузург сарварони се кишвар – Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон ширкат варзиданд, бо ҳамдигар гуфтугӯ карданд. Барои дӯстии абадии мо бо Ӯзбекистон ва Қирғизистон саҳифаҳои нав кушода шуд, – гуфт Раҷаб Аҳмадзода. Ӯ афзуд, ки халқҳои ӯзбек ва тоҷик тули асрҳо дар ҳамбастагӣ ва ҳамсоягии наздик зиндагӣ мекарданд. Ин анъанаҳо солҳои охир бо руҳияи тоза идома доранд ва муносибатҳои васеи ҳамкорӣ дар асоси боварӣ ва эҳтироми тарафайн ба роҳ монда шудаанд. Ба гуфтаи Раҷаб Аҳмадзода, водии Фарғона бо ёдгориҳои таърихӣ ва мероси фарҳангии худ ҳамеша макони муқаддаси дорои аҳамияти хосса маҳсуб мешуд. Аз ин рӯ, Ӯзбекистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон на танҳо ҳамсоя, балки аз ҷиҳати арзишҳои қадима, расму оин, касбу ҳунар ва хислатҳои баланди инсондӯстии худ ба ҳамдигар хеле наздиканд.
– Дар натиҷаи ташаббусҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаров, Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ва сиёсати дурандешона ва оқилонаи онҳо имрӯз анъанаҳои наҷиб ба сатҳи сифатан нав бардошта мешаванд. Дар ин раванд эъломияе, ки дар нишасти сеҷониба моҳи марти соли ҷорӣ дар шаҳри Хуҷанд ба имзо расид, аҳамияти бузург дорад. Аз ин лиҳоз, ин нишаст давраи нави муносибатҳои се кишвари ҳамсоя ва бародарро, ки бар асоси эътимоду эҳтироми ҳамдигар асос ёфтааст, оғоз кард, – зикр намуд раиси вилояти Суғд Р. Аҳмадзода.
Дар чаҳорчӯби ин ҳамоиш ҳамкориҳои вилоятҳои Фарғона ва Суғд низ баррасӣ гардиданд. Ҳокими вилояти Фарғона Хайрулло Бозоров зимни мулоқот бо раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода гуфт, ки ба шарофати иродаи қавии сиёсии сарварони давлатҳо муносибатҳои дӯстона ва шарикии стратегии Ӯзбекистон ва Тоҷикистон ба сатҳи нави иттифоқӣ баромадаанд.
– Ҳамкориҳои вилоятҳои Фарғона ва Суғд дар соҳаҳои нақлиёт-логистика, тиҷоратию иқтисодӣ, иҷтимоӣ пайваста таҳким ёфта, лоиҳаҳои судманд амалӣ мегарданд. Дар ин бобат роҳандозии муколамаи доимӣ ва дӯстона миёни раҳбарони ду вилоят нақши муҳим дорад, – иброз намуд Хайрулло Бозоров.
Дар ин ҳамоиш сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода низ иштирок кард.

Мирасрор АҲРОРОВ, шаҳри Фарғона

Санаи нашр: 21.10.2025 №: 205