САЙЁҲӢ ВА СОҲИБКОРӢ. МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ ФАЪОЛИЯТИ ИБРАТОМӮЗ ДОРАНД

21 октябр 2025, Сешанбе
13


Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон (ДБССТ) дар байни донишгоҳҳои мамлакат симои хос ва мавқеи устувор дошта, ин даргоҳи илм аввалин муассисаест, ки дар кишвар мутахассисони соҳаи сайёҳиро омода месозад. Ҳарчанд имрӯз донишгоҳу донишкадаҳои зиёде ба тайёр намудани мутахассисони ин соҳа машғуланд, ДБССТ бо заминаи мустаҳками олимону омӯзгорон, барномаҳои мушаххас ва ҳамкориҳои густурдаи байналмилалӣ ҳамоно мавқеи пешсафии худро нигоҳ медорад.

Донишгоҳ пайваста дар роҳи пешрафту тараққиёт буда, имрӯз дар сохтори он се донишкадаи байналмилалӣ дар шаҳру ноҳияҳои Ҳуҷанд, Левакант ва Данғара, ду коллеҷ ва ду литсейи касбӣ, институтҳои илмию тадқиқотӣ ва таълимӣ мавҷуд аст, ки ҳамаи онҳо дар якҷоягӣ фаъолияти пурсамари таълимиву илмиро пеш мебаранд.
Дар ин хусус Убайдулло Асрорзода, ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, зимни суханронӣ дар ҷаласаи васеи Шурои олимон оид ба натиҷаҳои фаъолияти нуҳмоҳаи муассиса, ки 11-уми октябр дар бинои Донишгоҳ доир гардид, иброз дошт, ки Донишгоҳ бо татбиқи Стратегияи рушди худ дар ҳамоҳангӣ бо ниҳодҳои давлатӣ ва шарикони рушд, нуфуз ва мавқеашро дар фазои таҳсилоти миллӣ ва ҷаҳонӣ тақвият бахшид. Ректор, ҳамчунин, таъкид дошт, ки дар Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ пешниҳод гардидани табдили Институти сайёҳии Донишгоҳ ба Академияи сайёҳӣ дар назди Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон аз ҷониби Пешвои миллат қадами устувор дар самти омодасозии кадрҳои баландихтисоси соҳаи сайёҳӣ дар низоми таҳсилоти бисёрзинагӣ арзёбӣ мегардад.
Ғамхорӣ ва дастгирии доимии Пешвои миллат ба илму маориф муҳаррики рушди ҳамаҷонибаи илм ва дониш гардида, заминаи мустаҳкамро барои омодасозии мутахассисони баландихтисос фароҳам овард, ки метавонанд саҳми назаррас дар ояндаи устувори давлат гузоранд. Қобили зикр аст, ки додани мақоми байналмилалӣ ба Донишгоҳ бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27-уми январи соли 2022 як қадами муҳими ҳамгироии он ба низоми ҷаҳонии таҳсилот гардид ва аҳамияти онро дар арсаи байналмилалӣ таъкид менамояд.
Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон яке аз бузургтарин муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар мебошад. Айни замон дар Донишгоҳ ва сохторҳои он тақрибан 10 000 донишҷӯ таҳсил мекунад. Донишгоҳ барномаҳои таълимиро дар зиёда аз 90 ихтисос дар зинаи бакалавриат, 15 ихтисос дар зинаи магистратура ва 10 ихтисос дар зинаи докторантура (PhD) пешниҳод мекунад, ки ба донишҷӯён имкон медиҳад, самти мувофиқро тибқи манфиатҳо ва ҳадафҳои касбии худ интихоб намоянд.
Раванди таълим дар ДБССТ тибқи низоми кредитии таҳсилот ташкил шуда, ба стандартҳои ҷаҳонии таҳсилоти олӣ ҷавобгӯ мебошад ва ба донишҷӯён имкон медиҳад, ки бо талоши бештар барномаҳои таълимиро аз худ намоянд. Донишгоҳ интихоби васеи фанҳои таълимиро пешниҳод мекунад, ки ба донишҷӯён имкон медиҳад на танҳо донишҳои назариявӣ, балки малакаҳои амалиро барои фаъолияти касбии муваффақ соҳиб шаванд.
Таҳсили босифати донишҷӯён аз ҷониби ҳайати профессорону омӯзгорони баландихтисос, ки зиёда аз 1000 нафарро ташкил медиҳад, таъмин карда мешавад. Омӯзгорони Донишгоҳ дар самти илм фаъолияти назаррас нишон дода, натиҷаҳои корҳои худро дар маҷаллаҳои бонуфузи илмӣ нашр мекунанд ва дар соҳаҳои гуногун тадқиқот мегузаронанд. Ин аст, ки танҳо дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ ҳайати профессорону омӯзгорон дар маҷмуъ 3091 мақола дар самтҳои гуногуни илмӣ ва тадқиқотӣ нашр намудаанд.
Раванди таҳсил ва таҳқиқоти илмӣ дар Донишгоҳ дар 3 институти таълимӣ (Институти сайёҳӣ, Институти иқтисодиёти ҷаҳон ва муносибатҳои байналмилалӣ, Институти технологияҳои иттилоотӣ ва зеҳни сунъӣ) ва 3 факултет (факултети молия ва қарз, факултети ҳуқуқ ва гумрук, факултети гуманитарию педагогӣ) ҷараён мегирад. Ҳамчунин, дар Донишгоҳ ду Институти илмӣ-тадқиқотӣ фаъолият мекунад, ки масъалаҳои калидии рушди устувори иқтисодӣ, сайёҳӣ ва соҳибкориро меомӯзанд.
Хатмкардаҳои Донишгоҳ мутахассисони муваффақи риштаҳои гуногуни иқтисоди миллӣ буда, аксари онҳо дар ташкилоту муассисаҳои пешрафтаи кишвар ва давлатҳои хориҷи дуру наздик фаъолият менамоянд, ки далели дар сатҳи баланди таълимӣ ва мувофиқ ба стандартҳои байналмилалӣ ва бозори меҳнат омода шудани донишҷӯён мебошад.
Ҳамин тавр, Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муассисаи таълимии босуръат рушдёбанда аст, ки мутахассисони баландихтисосро барои бахшҳои гуногуни иқтисод омода менамояд.

Шаҳноз ҚУРБОН, «Ҷумҳурият»

Санаи нашр: 21.10.2025 №: 205