НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ АЗ ИҶРОИ НАҚШАИ ПАХТА МУЖДА РАСОНД
![]()
То 20-уми октябр пахтакорони ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ 20 ҳазору 674 тонна пахта ҷамъоварӣ намуда, иҷрои нақшаи истеҳсолиро 100 дарсад таъмин карданд.
Ҳамаи ин муваффақиятҳо дар натиҷаи меҳнати ҳалол, интизоми хуби истеҳсолӣ, ҳавасмандкунии моддию маишӣ ба даст омадаанд. Дар рӯзҳои ҳосилғундорӣ аҳли тамоми ташкилоту муассисаҳо ва корхонаҳои ноҳия, сарфи назар аз шакли моликияташон, ба пахтазор баромада, дар паҳлуи заркорон зарбдорона кор карданд.
Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ба муборакбодии пахтакорони ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ рафта, ба роҳбарони як қатор хоҷагиҳои деҳқонӣ туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуд.
Дар ин бора ба хабарнигори “Ҷумҳурият” Рустамшо Ҷаҳонгир, мудири шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон иттилоъ дод. Ба маълумоти ӯ, пахтакорони вилоят аз аввали мавсим то 20-уми октябр 228157,3 тонна пахта ҷамъоварӣ намуданд, ки 90 дарсади дурнаморо ташкил медиҳад.
Ба иттилои масъулон, имрӯзҳо дар шаҳру ноҳияҳои вилоят маъракаи чиниши пахта дар авҷ буда, ҳосили ҷамъовардаи онҳо ҳаррӯза бештар аз 2523,4 тоннаро ташкил медиҳад. Интизор меравад, ки ояндаи наздик ноҳияҳои Абдураҳмони Ҷомӣ, Кӯшониён, Шаҳритус ва Қубодиёну Носири Хусрав аз иҷрои дурнамои пахта хабар диҳанд. Ҳоло дар саҳро ҳосил фаровон аст ва то анҷоми мавсими пахтачинӣ беш аз 26 000 тонна пахта чида хоҳад шуд.
Кароматулло АТО,
“Ҷумҳурият”
