СААД ба азнавсозӣ ва мустаҳкамкунии дидбонгоҳҳои сарҳадӣ дар Тоҷикистон баҳои баланд дод
Sputnik Тоҷикистон. Дабири кулли Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) Имангали Тасмагамбетов дар мулоқот бо Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Воҳидзода Ҳабибулло таъкид кард, ки таҷҳизондан ва мустаҳкамкунии сарҳади давлатии Тоҷикистону Афғонистон баҳри таъмини амнияти минтақавӣ вазифаи ҳар як давлати Осиёи Марказӣ мебошад. Дар ин бора дафтари матбуоти Прокуратураи генералии Тоҷикистон хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, мулоқоти тарафҳо дар ҳошияи 35-умин ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии прокурорҳои генералии давлатҳои аъзои ИДМ дар шаҳри Душанбе сурат гирифт.
Манбаъ, зикр кардааст, ки Дабири кулли СААД дар ин гуфтугӯ ба корҳои сохтмониву созандагӣ, азнавсозӣ ва мустаҳкамкунии дидбонгоҳҳои сарҳадӣ дар Тоҷикистон баҳои баланд дод.
Ҳамчунин, дар ҷараёни музокирот ҷонибҳо масъалаҳои мубрами марбут ба назорати прокурорӣ ва амнияти дастаҷамъӣ, инчунин, самтҳои тақвияти ҳамкориҳои байниидоравиро баррасӣ намуданд.
Сафари давлатии Президенти Озарбойҷон ба Қазоқистон
Мир 24. Президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев бо сафари давлатӣ вориди Қазоқистон шуд. Дар Остона Президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев шахсан Илҳом Алиевро дар назди зинаҳои ҳавопаймо пешвоз гирифт. Пешвозгирии гарм рамзи муносибатҳои дӯстонаи байни мамлакатҳои бародар мебошад.
Интизор меравад, ки 21-уми октябр раҳбарони ду кишвар дидору гуфтугӯ ва ҷаласаи дуюми Шурои олии байнидавлатии Қазоқистону Озарбойҷонро анҷом медиҳанд ва, ҳамчунин, дар форуми тиҷоратии Қазоқистону Озарбойҷон ширкат меварзанд. Мавриди зикр аст, ки гардиши мол миёни Озарбойҷон ва Қазоқистон дар соли гузашта 470 миллион доллари ИМА-ро ташкил медод, имсол бошад, аллакай, ба 547 миллион доллар расидааст.
Илҳом Алиев борҳо аз Қазоқистон дидан кардааст ва Қосим-Жомарт Токаев, ҳамчунин, аз Озарбойҷон чанд маротиб боздид намудааст, аз ҷумла дар моҳи марти соли 2024.
Родриго Пас дар интихоботи президентии Боливия пирӯз шуд
CentralAsia (CA). Сенатор Родриго Пас Перейра 19-уми октябр дар даври дуюми интихоботи президентии Боливия пирӯз шуда, ба ҳукмронии тақрибан бистсолаи чапгароён дар ин кишвар хотима бахшид, – хабар медиҳад Deutsche Welle. Мувофиқи ҳисобҳои комиссияи интихоботӣ, номзади Ҳизби христианӣ-демократӣ қариб 55 фоизи овозҳоро ба даст оварда, бартарии баҳснашаванда дорад.
Ғолиби 58-сола дар як гирдиҳамоӣ дар Ла Пас изҳор дошт: "Имрӯз Боливия метавонад итминон дошта бошад, ки ҳукумати нав ҳамаи мушкилоти мавҷударо ҳал хоҳад кард. Боливия қадам ба қадам нақши байналмилалии худро дубора ба даст хоҳад овард".
Рақиби ӯ, Президенти собиқи кишвар Хорхе Кирога, Родриго Пас Перейраро, аллакай, ба ғолибияташ табрик гуфт, ҳарчанд ӯ иброз дошта буд, ки мунтазири эълони расмии натиҷаҳост.
ҶАҲОН ДАР ЯК САТР
Lenta.ru. Агентии иттилоотии «Reuters» бо такя ба манобеи баландпоя хабар медиҳад, ки Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Русия ва Марко Рубио, вазири корҳои хориҷии ИМА, мумкин аст 23-юми октябр бо ҳам вохӯрда, масъалаи Украинаро баррасӣ намоянд.
CentralAsia (CA). Вазорати корҳои хориҷии Қатар эълон кард, ки Афғонистон ва Покистон дар музокироти Давҳа ба оташбаси фаврӣ тавофуқ карданд. Қатар ва Туркия дар музокирот миёнарав буданд. Дар баёнияи Вазорати корҳои хориҷии Қатар омадааст: "Дар ҷараёни музокирот ҳар ду ҷониб дар бораи оташбаси фаврӣ ва таъсиси механизмҳои таҳкими сулҳу субот миёни ду кишвар ба мувофиқа расиданд".
Lenta.ru. Агентии иттилоотии «Regnum» гузориш медиҳад, ки метеорите дар баландии 11 ҳазор метр ба ҳавопаймои Boeing 737 MAX бархӯрда, ба шишаи пеши кабина зарар расондааст. Дар натиҷа яке аз халабонҳо аз дасташ осеб дид. Ин дуюмин чунин ҳодиса дар як ҳафта мебошад. Қаблан, як ҳавопаймои дигаре, ки вазири мудофиаи ИМА дар он қарор дошт, дар болои уқёнуси Атлантика бар асари тарқиш дар шишаи пешаш, фуруди изтирорӣ кардааст.
Санаи нашр: 21.10.2025 №: 205