КОНИБОДОМ. ПЕШВОЗИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ БО АРМУҒОНҲОИ САЗОВОР

21 октябр 2025, Сешанбе
29


Дар шаҳри Конибодом ҳамчун дар дигар шаҳру навоҳии кишвари азиз Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистонро бо тасмиму иқдомҳои ободкориву созандагӣ, бунёди иншооти муҳими иқтисодиву иҷтимоӣ, фарҳангиву варзишӣ ва, албатта, таъсиси ҷойҳои нави корӣ истиқбол мегиранд.
– Ҷиҳати пазироии шоистаи ин санаи муҳиму муқаддаси таърихӣ сокинони сарбаланди Конибодом тасмим гирифтаанд, ки дар ҳамаи гӯшаву канори шаҳр дар маҷмуъ, 715 иншооти гуногуни дорои аҳамияти иқтисодиву иҷтимоӣ, фарҳангиву варзиширо сохта ба истифода диҳанд, – мегӯяд Баҳоваддин Баҳоваддинзода, муовини раиси шаҳр. – То имрӯз бошад, бо саъю кӯшиши соҳибкорон 650 иншоот пурра сохта, ба истифода дода шуда, ба ин васила, ҳамзамон, қариб 600 ҷойи нави корӣ таъсис ёфт. Маблағи умумии иншооти сохташуда 225 миллиону 696,8 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Айни ҳол дар шаҳри Конибодом сохтмони 66 иншооти дигар идома дорад ва онҳо то соли дигар мавриди баҳрабардорӣ қарор мегиранд ва 685 ҷойи нави кории дигар таъсис хоҳад ёфт.

Ҷовиди АШТӢ, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 21.10.2025 №: 205