ВАЗОРАТИ НАҚЛИЁТ. ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН АЗ МАВЗУЪҲОИ МЕҲВАРӢ

21 октябр 2025, Сешанбе
35

Ҳама тадбирҳои ба нақша гирифташуда ҷиҳати омодагӣ ба зимистон бояд ҳарчи зудтар ва дар сатҳи зарурӣ анҷом дода шаванд. Дар ин бора Азим Иброҳим, вазири нақлиёт, дар ҷаласаи назоратӣ ба роҳбарони воҳидҳои сохторӣ ва муассисаву корхонаҳои марбутаи тобеи вазорат дастур дод.

Дар ин бора ба хабарнигори рӯзномаи «Ҷумҳурият» аз Вазорати нақлиёт иттилоъ доданд, ки рафти иҷрои вазифаҳои гузошташуда оид ба омодагӣ ба мавсими зимистон аз мавзуъҳои асосии ҷаласа буд.


Ба маълумоти манбаъ, ҳоло гурӯҳи кории Вазорати нақлиёт таҳти роҳбарии муовини вазир Бобоёр Бобоёрзода ба санҷиши ҳолат ва омодагии муассисаву корхонаҳои соҳа ва иншооти инфрасохтори роҳу нақлиёт ба зимистони оянда сафарбар шудааст. Рафти таъмири ҷории техника ва механизмҳои нигоҳдории роҳҳо, тоза кардани роҳҳо аз сангу шағал пас аз боришоти шадид ва тармафароӣ, ки метавонанд барои ронандагон мушкил эҷод кунанд, хариди маводи сӯзишворӣ ва зидди лағжиш, либоси корӣ барои роҳсозон, чархҳои мавсимӣ, аккумулятор ва дигар қисмҳои эҳтиётӣ санҷида мешаванд.
Ба Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт, Муассисаи давлатии «Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ», Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази рақамикунонии соҳаи нақлиёт» ва корхонаю муассисаҳои нигоҳдории роҳҳои автомобилгард супориш дода шуд, ки назорати доимии ҳолати роҳҳои истифодаи умум, аз ҷумла тавассути системаи рақамӣ, риояи қоидаҳои ҳаракати воситаҳои нақлиёти гаронвазн ва калонҳаҷм ва сари вақт бартараф намудани нуқсонҳоро таъмин намоянд. Ҳамзамон, зарурати таъмини фаъолияти устувор оид ба ҳамлу нақли бор ва мусофирон, пешниҳоди хизматрасониҳои босифати нақлиётӣ ва логистикӣ таъкид гардид.
«Зимистон мову шуморо интизор намешавад», – изҳор дошт Азим Иброҳим ва ба роҳбари ситоди омодасозии соҳа ба мавсими тирамоҳу зимистон, муовини аввали вазир Фаррух Неъматзода дастур дод, ки ҳамаи тадбирҳои асосии нақшавӣ бояд то 1-уми ноябри соли 2025 ба анҷом расонда шавад ва дар бораи корҳои иҷрошуда ҳисобот манзур гардад.

Кароматулло АТО,
“Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 21.10.2025 №: 205