«ТОҶИ СОМОН». ТАНТАНАИ ҲУНАР ДАР СИНАМОҶАШНВОРАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

21 октябр 2025, Сешанбе
20


19-уми октябр дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маросими ҷоизасупории Синамоҷашнвораи дуюми байналмилалии Душанбе — «Тоҷи Сомон» баргузор гардид.
Дилрабо Мансурӣ, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни суханронӣ иброз дошт, ки Синамоҷашвораи байналмилалии «Тоҷи Сомон» бо роҳнамоӣ ва дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардида, мақсад аз он ба таври шоиста муаррифӣ намудани манфиатҳои миллӣ, тарбияи эҳсоси ватандӯстӣ, ифтихор аз миллати созанда, тавсифи табиати зебои диёр, ҷалби сайёҳон, дарёфти истеъдодҳои нодир дар соҳаи синамо мебошад.
Ҳамин тавр, тибқи хулосаи ҳакамон ҷоизаи “Беҳтарин коргардон” ба Алексей Герман аз Русия барои филми «Ҳаво», ҷоизаи “Беҳтарин наворбардор” ба Константин Бесаҷе аз Беларус барои филми «Қасри сиёҳ», ҷоизаи «Беҳтарин оҳангсоз» ба Фарзин Холакбар аз Эрон барои филми «Моҳӣ дар шаст», ҷоизаи “Беҳтарин нақши мардона” ба Алтаншагай Ганбаатр аз Муғулистон барои филми «Падар», ҷоизаи “Беҳтарин нақши занона” ба Анастасия Тализина аз Русия барои филми «Ҳаво» ва ба Таҳмина Раҷабова аз Тоҷикистон барои филми «Хоби сурх» дода шуд.
Инчунин, ҷоизаи “Беҳтарин филми ҳунарии кӯтоҳ” ба филми «Занги шомгоҳӣ»-и коргардони қирғиз Саодат Казакбаева, ҷоизаи махсуси ҳакамон ба филми қазоқии «Шаҳрвандони бом», ҷоизаи таваҷҷуҳи бинанда ба филми «Шаҳзода»-и Иван Маниев аз Молдова ва ҷоизаи махсуси раиси шаҳри Душанбе “Барои саҳми муносиб дар рушди кинематография” ба Турахон Аҳмадхонов аз Тоҷикистон тақдим гардид.
Ҷоизаи «Синамо бидуни марз» ба филми «Духтари капитан»-и коргардони рус Лариса Садилова барои саҳм дар рушду таҳкими дӯстии халқҳо ва ҳамкории синамогарони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил тақдим шуд. «Шоҳҷоиза"-и Синамоҷашнвораро филми «Моҳӣ дар шаст»-и коргардони тоҷик Муҳиддин Музаффар ба даст овард.
Бояд гуфт, ки аз байни 300 дархости пешниҳодшуда 150 филм мавриди омӯзиш ва тамошо қарор гирифта, 16 филми ҳунарии пурра ва 20 филми ҳунарии кӯтоҳ барои иштирок ва рақобат дар озмунҳои синамоҷашнвора иштирок намуданд.
Мавриди зикр аст, ки Синамоҷашнвораи байналмилалии Душанбе — «Тоҷи Сомон» дар ду сол як маротиба ҳамчун рӯйдоди байналмилалии фарҳангӣ баргузор карда мешавад.
Ёдрас мекунем, ки дар 1-умин Синамоҷашнвораи “Тоҷи Сомон”, ки соли 2023 баргузор шуда буд, филми “Роҳ”-и Носир Саид “Шоҳҷоиза”-ро сазовор гашта буд.

Муҳаммад АМИН, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 21.10.2025 №: 205