ИТТИҲОДИ ДАВЛАТҲОИ МУСТАҚИЛ. ШУРОИ ҲАМОҲАНГСОЗИИ ПРОКУРОРОНИ ГЕНЕРАЛӢ БА МУВОФИҚАҲОИ НАВ ДАСТ ЁФТ

27 октябр 2025, Душанбе
14


21-уми октябр дар шаҳри Душанбе 35-умин ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии прокуророни генералии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид.

Дар кори ҷаласа, ки таҳти раёсати Воҳидзода Ҳабибулло Сайдулло, Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷараён гирифт, ҳайатҳои мақомоти прокуратураи кишварҳои узв, аз ҷумла Прокурори генералии Федератсияи Россия Александр Владимирович Гутсан, Прокурори генералии Ҷумҳурии Арманистон Анна Кареновна Вардапетян, Прокурори генералии Ҷумҳурии Беларус Андрей Иванович Швед, Прокурори генералии Ҷумҳурии Қирғизистон Асаналиев Максат Кубатович, Прокурори генералии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Йулдашев Нигматилла Тулкинович, муовини Прокурори генералии Ҷумҳурии Қазоқистон Галимжан Мамбетович Койгелдиев ва ҳайати вакилони котиботи Шурои ҳамоҳангсозии прокуророни генералии ИДМ таҳти роҳбарии котиби иҷроияи Шурои ҳамоҳангсозӣ Юрий Николаевич Жданов иштирок намуданд.
Ҳайати иштирокчиён ва меҳмонони чорабинӣ перомуни таҷрибаи пешқадами мақомоти прокуратураҳои кишварҳои узви Иттиҳод изҳори назар намуда, ҷиҳати тақвияти ҳамкориҳо оид ба муборизаи муштарак алайҳи хатару таҳдидҳои замони муосир ва пешгирии ҷинояткорӣ ба мувофиқа расиданд. Дар ин робита, масъалаҳои актуалии мусодираи амволи ғайриқонунӣ бадастовардашуда, такмили системаи чораҳои ҷавобгарии ҷиноятӣ, автоматикунонӣ ва мониторинги баррасии муроҷиатҳои шаҳрвандон, ҳифзи ҳуқуқи ноболиғон, мубориза бо ҷинояткорӣ дар соҳаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, экстремизм ва терроризм, назорати қонунгузорӣ дар соҳаи сохтмон мавриди баррасӣ қарор гирифта, бо мақсади таҳкими ҳамкориҳои минбаъда дар самтҳои гуногун таклифҳои судманд пешниҳод гардиданд.
Ҳамчунин, раванди корҳои тафтишотӣ, фаъолияти прокурорӣ, амалияи татбиқи шартномаҳои байналмилалии ҳуқуқӣ дар мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, барномаҳои ҳамкории давлатҳои аъзо, аз ҷумла Барномаи байнидавлатии тадбирҳои муштарак оид ба мубориза бар зидди ҷинояткорӣ барои солҳои 2024-2028, Барномаи ҳамкории давлатҳои аъзои ИДМ дар мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм барои солҳои 2023-2025, Барномаи ҳамкории давлатҳои аъзои ИДМ дар таҳкими амнияти сарҳадӣ дар сарҳадҳои беруна барои солҳои 2021-2025 дар меҳвари гуфтугӯҳо қарор гирифтанд.
Дар идомаи ҷаласа Прокурори генералии Федератсияи Россия Александр Владимирович Гутсан ба ҳайси раиси Шурои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи давлатҳои аъзои ИДМ интихоб гардид.
Зимнан, бо қарори Шурои ҳамоҳангсозӣ Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Воҳидзода Ҳабибулло Сайдулло ва Прокурори генералии Ҷумҳурии Қирғизистон Асаналиев Максат Кубатович бо нишони сарисинагии «Прокурори фахрии давлатҳои ИДМ» сарфароз гардонда шуданд.
Дар фарҷоми ҷаласа Протоколи ҷамъбастӣ ба имзо расида, қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.
Қобили зикр аст, ки Шурои ҳамоҳангсози прокуророни генералии ИДМ 7-уми декабри соли 1995 таъсис ёфта, прокура-тураҳои Тоҷикистон, Россия, Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Ӯзбекистонро муттаҳид месозад. Ин Шуро дар зарфи 30 соли мавҷудият ҳамчун минбари муҳим дар ҳамоҳангии чораҳои мубориза бо ҷинояткорӣ, мубодилаи таҷриба ва таҳияи барномаҳои байнидавлатӣ нақши амиқ гузоштааст.

Фирӯз РАҲМОНИЁН, «Ҷумҳурият»

Санаи нашр: 23.10.2025 №: 206