ИДМ. ҲАМКОРИҲОИ ИҚТИСОДӢ ГУСТАРИШ МЕЁБАНД

27 октябр 2025, Душанбе
8


Имсол ҷаласаи Шурои сарварони давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе баргузор шуд. Сарвари давлати мо зимни суханронӣ дар кори Шуро таъкид намуданд, ки таваҷҷуҳи асосӣ ба такмили фаъолияти Созмон, аз ҷумла тавсеаи ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, равона гардид.
Воқеан, дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ бо кишварҳои узви ИДМ мусбат арзёбӣ мешавад. Гуфтан барҷост, ки маҳз ба шарофати сиёсати хирадмандона ва дурандешонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон густариши ҳамкориҳои иқтисодии Тоҷикистон бо давлатҳои узви ИДМ дар ҳоли рушд аст. Ҳоло беш аз нисфи гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон бо давлатҳои узви ИДМ мебошад.
Дар ин росто, ҳамкориҳои иқтисодӣ дар доираи ИДМ бо Федератсияи Россия, ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон, Қазоқистон, Белоруссия ва дигар иштирокдорон роҳандозӣ шудааст. Аз ин лиҳоз, гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон бештар бо кишварҳои мавриди назар сурат мегирад.
Қобили зикр аст, ки дар нимаи аввали соли ҷорӣ гардиши савдои хориҷӣ 4 миллиарду 731 миллиону 100 ҳазор долларро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли рафта 316,8 миллион доллар афзоиш ёфтааст. Тибқи омори Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи ҳисоботӣ содирот ба 955,3 миллион доллар баробар гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 42,5 миллион доллар коҳиш ёфтааст, вале воридоти мол дар давраи ҳисоботӣ 3 миллиарду 775,8 миллион долларро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 10,5 дарсад зиёд гардидааст.
Дар сиёсати хориҷӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таҳкими муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷониба бо кишварҳои узви ИДМ таваҷҷуҳи хосса дорад. Ҳамин аст, ки Тоҷикистон таъсиси сохторҳои гуногуни ҳамгироии иқтисодиву амниятиро дар заминаи ИДМ салоҳи кор медонад.
Дар ин замина, 18-уми марти соли 2022 дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия ҷаласаи 93-юми Шурои иқтисодии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор шуд, ки дар доираи он масъалаҳои ҳамкорӣ дар самтҳои тиҷоратию иқтисодӣ, энергетика, молия, мошинсозии кимиёвӣ, амнияти иттилоотӣ ва кишоварзӣ муҳокима гардида, як қатор санаду созишномаҳои иқтисодӣ ба имзо расиданд.
Дар назар аст, ки муносибатҳои иқтисодиву иҷтимоии кишварҳои узви ИДМ бо Тоҷикистон боз ҳам густариш меёбанд ва заминаи хубе барои рушди иқтисоди минтақа фароҳам мегардад. Маврид ба зикри хос аст, ки ҳанӯз аз солҳои аввали таъсисёбӣ то имрӯз ҳамкориҳои иқтисодиву сиёсии кишварҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил пойгоҳи мустаҳками ташкилию ҳуқуқиро бунёд карданд. Ин кор замина фароҳам овард то дар як муддати кӯтоҳ ҳамкориҳои иқтисодӣ густариш ёбанд. Ғайр аз ин, пешрафти иқтисодӣ баланд гардида, ҳаҷми савдои байниҳамдигарӣ афзуд.
Муҳимтар аз ҳама Тоҷикистон дар таҳкими на танҳо ҳамкориҳои иқтисодӣ, балки равобити фаротар аз он дар доираи ИДМ саҳми мунир дорад. Ба ин хотир, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои сарварони давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил изҳор доштанд, ки таҳкими муколамаи фарҳангҳо ва густариши ҳамкории гуманитарӣ ба ҳифзу ғанигардонии мероси умумии фарҳангӣ ва таҳкими руҳи ҳамраъйӣ дар доираи Иттиҳод мусоидат менамояд.

Фарҳод ҚОДИРЗОДА, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор

Санаи нашр: 23.10.2025 №: 206