«ИЛМ – ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». ОҒОЗИ ДАВРИ НИҲОИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВӢ
21-уми октябр дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон маросими ифтитоҳи даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» баргузор гардид. Дар чорабинӣ муовини Сарвазир, раиси Комиссияи ҷумҳуриявии Озмун Дилрабо Мансурӣ, вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода, устодон, аъзои ҳакамон ва довталабон иштирок намуданд.
Дилрабо Мансурӣ зимни сухани ифтитоҳӣ иброз намуд, ки бо дастгирӣ ва таваҷҷуҳи пайвастаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушди соҳаи илм, татбиқи сиёсати илмӣ-техникӣ, таҳкими заминаҳои илмомӯзӣ ва тарбияи насли нави муҳаққиқону навоварони миллӣ ба яке аз самтҳои асосии сиёсати давлатӣ табдил ёфтааст. Маҳз дар партави ин сиёсати созанда ва бо мақсади боло бурдани нақши илму дониш дар рушди ҷомеа Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» роҳандозӣ гардид, ки ҳадафи асосӣ ҳавасманд гардондани ҷавонон ба омӯзиши илмҳои дақиқу табиӣ, рушди қобилиятҳои илмии насли наврас ва татбиқи донишҳои илмӣ дар амалия мебошад.
Зикр шуд, ки дар даври ҷамъбастӣ 667 нафар довталаб, аз ҷумла 227 хонандаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, 216 хонандаи муассисаҳои таълимии типи нав, 183 донишҷӯ ва 41 нафар намояндагони касбу кори гуногун иштирок мекунанд.
Дилрабо Мансурӣ аз сатҳи омодагии довталабон изҳори қаноатмандӣ намуда, ба ҳамаи иштирокчиён муваффақият таманно кард. Ба масъулон дастур дода шуд, ки фаъолияти комиссияи аппелятсионӣ пурра таъмин гардад, то дар ҳолати пайдо шудани савол ё эътироз аз ҷониби довталабон, баррасии масъалаҳо дар муҳити одилона, тибқи Низомнома амалӣ карда шавад.
Ёдовар мешавем, ки Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» панҷ соли охир таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақсади рушди тафаккури техникӣ, тарғиби ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ пайдо кардан ба техникаву технология, тавсеаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ, пайвасти илм бо истеҳсолот, ҷалби бештари хонандагону донишҷӯён ва дигар қишрҳои ҷомеа ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ, ҳамчунин, дарёфт ва муаррифии истеъдодҳои нав дар ин самтҳо баргузор мегардад.
Соли равон барои барандагони ҷойи сеюм 30 ҳазор сомонӣ, ҷойи дуюм 50 ҳазор сомонӣ, ҷойи якум 70 ҳазор сомонӣ ва барандаи Шоҳҷоиза 140 ҳазор сомонӣ муқаррар гардидааст. Ҳамзамон, ҳар як омӯзгори муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ки шогирдонашон дар Озмун сазовори ҷойҳои 1, 2, 3 ва Шоҳҷоиза мешаванд, бо 20 ҳазор сомонӣ қадр мегарданд.
Умаралӣ САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”
