БЕМОРИҲОИ ЗАНОНА. САБАБҲОИ ПАЙДОИШ ВА ТАРЗИ МУОЛИҶА

27 октябр 2025, Душанбе
14


Мусаллам аст, ки саломатии ҳар нафар бевосита аз худи ӯ вобастагӣ дорад, алалхусус солимии узвҳои системаи репродуктивӣ барои занон, хеле муҳим аст, зеро қобилияти модар шудан, ҳамл бардоштан ва таваллуд кардани кӯдак аз чӣ гунагии ҳолати ҳамин узвҳо вобаста аст. Дар зиндагӣ саломатии занон ба омилҳои беруна (тарзи ҳаёт дар оила ва муҳити деҳот) ва ҳам дохилӣ (камхунӣ, асабонӣ шудан) вобаста буда, мунтазам мавриди ҳамлаҳои шадид қарор мегирад.
Аз ин рӯ, дар масъалаҳои марбут ба саломатии узвҳои репродуктивӣ набояд аз духтур ё аз ёр шарм дошт. Аксари бемориҳое, ки метавонанд безурётӣ, афзоиши ҳуҷайраҳои бадсифат ва дигар бемориҳои вазнинро ба вуҷуд оранд, дар марҳалаҳои аввал ба осонӣ табобат мешаванд. Муҳити номусоиди экологӣ, неврозҳо, стрессҳои равонӣ, стрессҳои музмин ва депрессияҳо, алоқаи ҷинсии бетартиб, ҷароҳатҳои узвҳои таносули берунӣ ва дохилӣ, сироятҳои вирусӣ ва бактериявӣ, оғози барвақти ҳаёти ҷинсӣ, интихоби нодурусти либоси таг, гигиенаи нокифояи минтақаҳои маҳрамона, реаксияи аллергияи маҳаллӣ ба бофтаҳо, косметикаи бесифат, истифодаи нодурусти доруҳо, махсусан контрасептивҳо ва антибиотикҳо, сабабҳои пайдоиши бемориҳои занона шуда метавонанд. Яке аз ин маризиҳо эрозияи гарданаки бачадон мебошад. Бемории луобпардаи гарданаки бачадон ба ҳаёт таҳдид намекунад, аммо барои пешгирии мушкилоти минбаъда он бояд табобат шавад. Эрозияи гарданаки бачадон дар заминаи ихтилоли гормоналӣ, паст шудани масуният, раванди илтиҳобӣ ва бемориҳои эндокринӣ инкишоф меёбад. Одатан, зан дар бораи эрозия аз гинеколог маълумот мегирад. Бисёр табобатҳои муосир мавҷуданд, ки патологияро бидуни осеб пурра бартараф месозанд.
Колпит бемории илтиҳобист. Нишонаҳои он дарди поёни шикам, ихроҷи тарашшуҳоти фаровон, ки боиси хориш ва сӯзиши узвҳои таносули беруна мегардад, инчунин, дизурия (пешобкунии дарднок, хоҳишҳои зуд-зуд) мебошад. Беморӣ дар шакли шадид нишонаҳои равшан дошта, сифати зиндагӣ паст мешавад ва зан ҳамеша нороҳатӣ эҳсос менамояд.
Сабаби гирифторӣ ба бемориҳои ғадуди сипаршакл, диабети қанд, ихтилоли гормоналӣ муҳити номусоиди экологӣ, ғизои номунтазам ва ё нодуруст, инчунин, бемориҳои саратонӣ шуда метавонанд.
Бемории мастит, илтиҳоби каналҳо ё бофтаҳои функсионалии сина, бештар дар ғадуди шири модарони нав таваллудкарда, дар натиҷаи рукуди шири сина пайдо мешавад, зеро моеъ муҳити беҳтарин барои бактерияҳо мебошад ва он нишонаҳои хос дорад, аз ҷумла дарди сина, сурхӣ ва варами пӯст дар тарафи илтиҳоб ва баландшавии ҳарорати бадан. Муроҷиати саривақтӣ ба табиб сабаби зуд шифо ёфтан аз мастит аст.
Бояд гуфт, ки саратони сина омоси ашаддӣ аст. Сабабаш метавонад майли генетикӣ, радиатсия, даст кашидан аз синамаконӣ пас аз таваллуд, набудани ҳомиладорӣ ё исқоти ҳамл, одатҳои манфӣ, экологияи бад, бемориҳои эндокринӣ ва номутавозунии гормоналӣ бошад. Беморӣ дар марҳалаҳои аввал нишонаҳо надорад. Ҳангоми ламс саратонро мустақилона муайян кардан мумкин аст бо эҳсоси гиреҳҳо ва доначаҳои хурд. Занони аз 40-сола боло аз маммограмма мегузаранд, ки ин ҳам усули муассири ташхиси барвақтӣ мебошад. Омили муҳими ҳифзи саломатии занон диспансеризатсияи мунтазам ва муоинаи пешгирикунандаи табиби амрози занона мебошад. Аз ин рӯ, муоинаи саривақтӣ кафили солимии бонувон аст.

Назира НАҶМИДДИНОВА,
табиби амрози занонаи МСД Сарикиштӣ, ноҳияи Рӯдакӣ

Санаи нашр: 23.10.2025 №: 206