“ГАВҲАРЕ НОЁБ РАФТ...”

27 октябр 2025, Душанбе
19


Бо ин ном нашриёти «Адиб» маҷмуаи сӯгномаҳои ҳамкорону дӯстон ва ҳаводорони эҷодиёти Абдулқодири Раҳим, адиб ва рӯзноманигори шинохтаи тоҷикро, ки баъд аз даргузашти ӯ навишта шудаанд, нашр кард. Дар маҷмуа, ҳамчунин, меҳрномаҳо ва тақризу китобиёт ба баъзе асарҳои зиндаёд Абдулқодири Раҳим гирдоварӣ шудааст, ки дар солҳои охир дар матбуот ва шабакаҳои иҷтимоӣ ба нашр расидаанд.
Китоб таҳти назари Абдулҳамид Самад, Нависандаи халқии Тоҷикистон нашр шудааст. Дар сарсухани он омадааст: "Даргузашти Абдулқодири Раҳим (17.01.1961-12.09.2025), нависанда, шоир ва рӯзноманигори шинохтаи тоҷик, талафоти ҷуброннопазире барои фарҳангу адабиёти миллии мост... Абдулқодири Раҳим як адиби донишманду огоҳ буд ва дареғо, ки ин гавҳари ноёб ба синаи хок рафт".
Дарвоқеъ, Абдулқодири Раҳим аз ҷумлаи адибони орифу фурӯтан ва нексиришт, чашмаи меҳру нур буд. Нақди адабии мо, мутаассифона, вижагиҳои осори манзум ва мансури ин адиби тавоною боистеъдодро то кунун ба хонанда ба таври боиста ва шоиста муаррифӣ накардааст. Маҷмуаи мазкур қадами нахустин дар ин самт маҳсуб меёбад.
Ин адиби соҳибандешаю донишманд ва пурмутолаа 33 соли умрашро ба рӯзноманигорӣ дар “Ҷумҳурият” бахшидааст. Китобҳояш, ки идомабахши умри бобаракати Абдулқодиранд, номашро дар таърихи муосири адабиёту фарҳанги мо ҷовидона сабт хоҳанд кард.
З. РАҶАБ, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 23.10.2025 №: 206