МЕҲРГОН. АЗ КУҲАНТАРИН ҶАШНҲОИ МАРДУМИ ОРИЁНАЖОД

27 октябр 2025, Душанбе
12


Меҳргон яке аз куҳантарин ҷашнҳои мардуми ориёнажод буда, гузаштагонамон онро ҳамчун ситоишу ниёиши Меҳр ё Митро ва рамзи аҳду паймон ва дӯстиву муҳаббати оини меҳрпарастӣ таъбир кардаанд.
Эмомалӣ РАҲМОН

Ҷашни Меҳргон дар Тоҷикистони соҳибистиқлол бо азми дурусту саъйи комили Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эҳё ва бо шукӯҳи вижа таҷлил мегардад. Меҳргон баробар аст бо поёни фасли ҷамъоварии ҳосил аз ҷониби деҳқонон. Аз ин рӯ, замони муносибе барои ҷашну шодӣ ва истироҳати кишоварзон мебошад. Бинобар ин, Ҷашни мазкурро кишоварзони мо бо шодмонӣ истиқбол мегиранд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 80-солагии таъсисёбии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур, ки ба Ҷашни Меҳргон рост омада буд, ташриф оварда зикр намуда буданд: “Меҳргон тибқи андеша ва эътиқоди ниёгони мо дар рӯзи аввали моҳи меҳр ва оғози фасли тирамоҳ таҷлил мешудааст. Он дорои эътидоли кайҳонӣ буда, дар ин айём рӯзу шаб баробар мешавад ва ба ин сабаб номи ин моҳро Меҳр гузоштаанд”.
Дарвоқеъ, ба шарофати Истиқлоли давлатӣ ва бо азму тадбирҳои хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бисёр ҷашну маросими миллӣ эҳё гардиданд, аз ҷумла Иди Меҳргон ҳам дар қатори дигар ҷашнҳо ҷойгоҳи махсус пайдо кард. Ба қавли Пешвои миллат “...таҷлили ҷашнҳо танҳо ба хотири ҷашн нест ва ҳар санаи муҳим дар зиндагӣ бояд моро ба андеша ва хулосабарорӣ барои оянда таҳрик созад. Сарфи назар аз гирудорҳои сиёсиву фарҳангии давраҳои гузашта Ҷашни Меҳргон то имрӯз соҳиби эътибору манзалати хос мебошад, зеро Меҳргон монанди Наврӯз таҷассумгари суннатҳои неки инсонист, ки файзу баракати хони пурнеъмати кишоварзонро инъикос менамояд. Бинобар ин, зарур аст, ки ҳар сол бо шукӯҳу ҷалоли хосса таҷлил карда шавад”.
Ҳамчунин, фалсафаи Ҷашни Меҳргон сипосгузорӣ аз Худованд ба хотири неъматҳое аст, ки ба инсон арзонӣ дошта ва қабл аз ҳама иди меҳру муҳаббат, дӯстию рафоқати одамон ба якдигар мебошад.
Ҷашнҳои Меҳргон, Тиргон, Сада ва Наврӯз бештар хоси кишоварзонанд, зеро дар гузашта ниёгони мо бештар ба зироаткорӣ ва чорводорӣ машғул будаанд. Аз ин рӯ, замон ва вақти фарорасии ин ҷашнҳо низ хеле ҷолиби диққат мебошанд. Пас, маълум мешавад, ки ҷашнҳои миллии тоҷикон инсонҳоро дар руҳияи дӯстиву муҳаббат, ҳамбастагӣ ва гиромидошти табиати зебо тарбия менамоянд. Аз ин ҷост, ки дар тули таърих ба хоки поки муқаддаси ниёгони мо бисёр душманони аҷнабӣ ҳамла карда, биноҳои обод ва кӯшкҳояшонро ба хок яксон намуданд. Аммо ҷашнҳои миллиашонро на танҳо аз байн бурда натавонистанд, балки ба суннатҳои инсонпарваронаи ин ҷашнҳо мафтуну тасхир гардиданд. Мутаассифона, дар асрҳои охир ин ҷашнҳо дар ҳоли таназзул қарор доштанд. Хушбахтона, бо баробари ба сари қудрат омадани фарзанди фарзонаи миллати тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашну маросими миллӣ яке аз рукнҳои муҳими мафкураи миллии дунявии тоҷиконро ташкил доданд.
Бояд таъкид кард, ки ҷашнҳои арзишманди миллии тоҷикон ифодагари тафаккури таърихӣ, симои маънавӣ, орзую ормон, расму оин, ҷаҳонбинию ҷаҳоншиносии онҳоянд.

Муллоаҳмадшоҳ ЗЕБАРНИЁ, номзади илмҳои суханшиносӣ, сардори шуъбаи тарбияи Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур

Санаи нашр: 24.10.2025 №: 207