МОИ “СУҒД”. БОЗ ЯК КОРХОНАИ АЗИМ БА ФАЪОЛИЯТ ОҒОЗ КАРД

27 октябр 2025, Душанбе
16


Ҷиҳати амалисозии дастури Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба таваҷҷуҳи ҷиддӣ ба бунёди корхонаҳои истеҳсолию таъсиси ҷойҳои нави кор дар Минтақаи озоди иқтисодии (МОИ) “Суғд”, воқеъ дар шаҳри Хуҷанд, сохтмони боз як корхонаи азим оғоз ёфт. Корхонаи мазкур дар заминаи маҳсулоти маҳаллӣ-кишоварзӣ ба фаъолият шуруъ карда, коркарди ниҳоии хушкмева, сабзавоти тару тоза ва маҳсулоти гӯштиро бо иқтидори 3 ҳазору 200 тонна дар як сол роҳандозӣ мекунад.

Муҳаммадҷон Муҳаммадзода, роҳбари маъмурияти МОИ “Суғд”, дар суҳбат иброз дошт, ки бунёди ин корхона дар соли нав ҳаштум ва дар минтақа 48-умин субъети истеҳсоливу иқтисодӣ буда, ҳамаи онҳо дар заминаи технологияи пешқадами ҷаҳонӣ сохта шудаанд.
Корхонаи нав бо унвони ҶДММ “Фуд Агро Суғд” арзи ҳастӣ карда, дар арафаи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон ба истифода дода мешавад ва шароит фароҳам меоварад, ки боз зиёда аз 100 нафар бо ҷойи кор таъмин гардад.
Қобили зикр аст, ки феълан зиёда аз 80 дарсади маҳсулоти дар МОИ ”Суғд” истеҳсолшаванда ба кишварҳои Аврупо ва Осиё, аз ҷумла Олмон, Италия ва ҷумҳуриҳои Қазоқистону Қирғизистон, содир мешавад.
Дар МОИ “Суғд” ҳоло ҳозир зиёда аз 1030 сокини шаҳри Хуҷанд бо шуғли доимию музди меҳнати хуб таъмин мебошад.

Ҷовиди АШТӢ, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 24.10.2025 №: 207