ШОМИ ШАНБЕ
![]()
ИНТЕЛЛЕКТ +
Рубрикаи «Интеллект +» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, иштирокчие, ки ба чор муаммо ҷавобҳои дуруст пешниҳод мекунад, бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ сарфароз мешавад. Инчунин, нафаронеро, ки саволу муаммо, мисолу масъала ва филворду кроссвордҳои ҷолиб пешкаш менамоянд, мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 300 сомонӣ интизор аст.
КРОССВОРДИ КОНСТИТУТСИЯ
1. Номи миллат. 2. Ҳуррият, раҳоӣ. 3. Конститутсияи Тоҷикистон аз он 10-то дорад. 4. Минтақаи шимоли Тоҷикистон. 5. Соҳибихтиёрӣ, номи клуби футбол. 6. Тоҷикистон аз он сето дорад. 7. Шаҳр дар Тоҷикистон. 8. Ҳуҷҷати ҳуқуқиро, асосан, чунин ном мебаранд. 9. Тартиби қабули Конститутсия. 10. Конститутсияи Тоҷикистон қаблан чунин ном дошт. 11. Яке аз муқаддасоти миллӣ. 12. Воситаи муошират. 13. Вориси Давлати Сомониён. 14. Мақоми қонунбарор.
15. Тоҷикистон давлати ҳуқуқбунёд ва .... 16. Санади олии ҳуқуқии давлат. 17. Ҳудуди як қаламрав ё сарзамин. 18. Пойтахт, рӯзи ҳафта. 19. Дастурҳо, муқаррарот ва аҳкоме, ки аз тарафи парлумон барои барқарории назм ва идора кардани умури ҷомеа қабул мешавад. 20. Як ҷузъи қонунҳо.
Таҳиякунанда У. САФАРАЛӢ
ҶАВОБ БА ФИЛВОРДИ “ОСКАР”
1. Вашингтон 2. Яннингс 3. Боргнайн
4. Лукас 5. Шелл 6. Ҳопкинс
7. Дрейфус 8. Дэй-Люис 9. Феникс
10. Олдмен 11. Мерфи 12. Раш
13. Кейҷ 14. Ҳэкмен 15. Броуди
16. Робертсон 17. Стюарт
18. Дуглас 19. Гиннесс 20. Бакстер
21. Кингсли
Масъули рубрика Ш. ШОКИР
ҚАДРИ ПУЛ АЗ НИГОҲИ КИАНУ РИВЗ
Бино ба хабари сомонаҳои интернетӣ, ҳунарманди маъруфи канадагӣ Киану Ривзро дар Ҳолливуд ҳамчун шахси саховатманд эътироф мекунанд ва ин бесабаб ҳам нест.
Чуноне таъкид мешавад, пас аз он ки самараи заҳмати ӯ барои иҷрои нақши асосӣ дар филми «The Matrix Reloaded» 126 миллион доллар (гонорар+фоиз аз намоиши ҷаҳонӣ)-ро ташкил дод, ӯ қисми зиёди онро ба ҳайати филмофарон тақсим намуда, ҳамзамон, ба тамоми каскадёрон мототсикли «Harley Davidson» туҳфа кард. Маблағи боқимондаашро бошад, ба суратҳисоби фонди хайриявияш гузаронд.
«Барои ман пул қадре надорад. Охир, ҳамагон медонем, ки муҳимтар аз ҳама тандурустист. Аз ин рӯ, қисми зиёди ҳақмузди худро тақсим мекунам, зеро, ҳатто, 10 дарсади пулҳои коркардаам барои садсолаҳо мерасад», – иброз медорад ӯ.
Таҳияи Ш. АБДУЛЛО
БОВАР НОКАРДАНИСТ, АММО…
ВИТАЛИЙ НИКОЛАЕНКО
Дар бораи ҳалокати суратгир аз дасти хирс
Чун одат, суратгирони номвар ҳамеша маҳбуби мардум, хосса ҳаводорони ин санъати мондагоранд. Маҳз хизмати онҳост, ки ҳар нафари соҳибзавқ аз зиндагии кӯчаки худ метавонад таърих сохтаву ба наслҳои ояндаи авлодаш ба мерос гузорад. Худи пешаи суратгирӣ аз нигоҳи аввал аз ҳама касби бехатар ва ҳатто, фароғатовару руҳбахш менамояд, ки ғолибан дуруст аст. Аммо дар таҷриба ҳодисаҳое низ сар задаанд, ки суратгирон қурбони орзуҳои худ дар вақти иҷрои вазифа ҷон аз даст додаанд. Бале, бовар нокарданист, вале далел аст, ки чанде аз суратгирони маъруфи олам аз чанги ҳайвонҳое, ки мебоист суратбардорӣ мекарданд, ба ҳалокат расидаанд. Фарзи мисол, суратгири маъруфи рус Виталий Николаенко аз панҷаи хирси маламӯй фавтидааст. Ӯ хеле зиёд мехост дар бораи ин ҳайвони ваҳшӣ филми ҳуҷҷатӣ омода созад. Бо ин мақсад, ҳафтаҳо онро поида мегашт, то аҷоибтарин лаҳзаҳоро аз ҳаёти хирс ба навор гирад. 26-уми декабри соли 2003 ҳангоми ниҳоят наздик шудани суратгир, хирс гашта ҳамла мекунад ва бо чанд зарби панҷа ӯро ба ҳалокат мерасонад.
Воқеан, 8-уми августи соли 1996 суратгири номвари ҷопонӣ Мошио Хирошино низ ҳангоми аксбардории хирс аз зарби панҷаҳои нохундори ин ҳайвони ваҳшӣ ба ҳалокат расидааст.
Аз русӣ тарҷимаи С. РАҲМОНЗОДА
ЧАТР
Агар бовар кунед...
Шояд бо шумо низ ҳолате рӯй дода бошад, ки ҳангоми борон ҳар ду дастатон бо бор банд буду илоҷи истифодаи чатратонро надоштед. Роҳи ғайриодии ҳалли чунин мушкилро президенти ширкати ҷопонии «Asahi Power Service» Кэндзи Судзуки пайдо намуд.
Баъди зери борони сел монда тар шудан ба сараш фикри аҷибе омад: ихтирои чатри паррон.
Дар натиҷа, мутахассисони ширкаташ асбобе сохтанд, ки одамро аз борон ҳимоя месозад. Онро ҳоҷати бо даст болои сар доштан нест. Ин корро худаш анҷом медиҳад. Чатри нав на танҳо мустақилона болои сари соҳибаш парвоз мекунад, балки метавонад ӯро шиносад.
Таҳияи Кароматулло АТО
НАВМЕД НАБОЯД ШУД
6 ҳикояи аҷиби наҷот аз қаъри уқёнус
1. ҲАРРИСОН ОКЕНЕ 62 СОАТ ДАР ҚАЪРИ УҚЁНУС
Соли 2013 дар назди соҳилҳои Нигерия киштии Jascon – 4 ба садама дучор гардид, ки бар асари он танҳо як нафар – ошпаз Ҳаррисон Окене, ҷон ба саломат мебарад.
Бино ба навиштаи сомонаи www.kulturologia.ru, то наҷот додани ғаввосон, Ҳаррисон 62 соатро дар умқи 30 метри уқёнуси Атлантик сипарӣ намуд.
Ба гуфтаи ҷабрдида, баъди садама барои зинда мондан, ӯ ин муддати мадидро (бо каме моҳии сардинаю нӯшобаи кола) дар ороишгоҳи киштӣ, ки танҳо ними он аз об пур буд, мегузаронад.
Таҳияи Наргис АТОЕВА
НИМШӮХИВУ НИМҶИДДӢ
ҒАЗАБИ РОССИНИ
Дар театр. Россини, оҳангсози маъруфи итолиёвӣ, пичиррос зада, ба ҳампаҳлуяш мегӯяд, ки аз овози гӯшхароши сарояндаи опера мағзи сараш меҷӯшад.
– Шумо як шахсияти шинохта, озод баромада рафтан гиред, –мефаҳмонад ҳамсоя.
– Не, ман ин корро ҳаргиз намекунам, – мегӯяд Россини, – шунидам, ки дар қисми сеюм қаҳрамони асосӣ ин аблаҳро мекушад. Як илоҷ карда, ин лаҳзаро интизор мешавам.
Таҳияи Ҳалима РАҲМОНЗОДА
МУСОБИҚАИ ФУТБОЛ БАЙНИ БЕСАРПАНОҲОН
Дар майдони футболи пойтахти Норвегия – шаҳри Осло, дастаҳо аз 48 кишвар барои дарёфти ҷоиза мубориза мебаранд. Ин мусобиқа Ҷоми ҷаҳонии футбол байни бесарпаноҳон аст.
Бозигарон аз ҷониби 70 созмони кишварҳои гуногуни олам, ки мададрасони бехонаву дармондагон мебошанд, интихоб мешаванд. Иштирокдорон бояд аз 16-сола боло бошанд.
Мусобиқа аз соли 2003 баргузор мешавад ва аз ҷониби УЕФА кумаки молиявӣ мегирад. Тибқи омор, ин мусобиқа ҳаёти қариб 80 дарсади ширкаткунандагонро тағйир медиҳад: онҳо бо манзили зист ва ҷойи кор таъмин шуда, ба варзиш машғул мешаванд ва муносибатҳои худро бо аҳли оилаҳояшон беҳтар мекунанд.
Таҳияи Барноз РАҲМОНШОЕВА
БАЛАНДТАРИН КӮҲҲОИ ТОҶИКИСТОН
8. Қуллаи Гармо
Он дар қаторкӯҳи Академияи илмҳо, воқеъ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ҷойгир буда, баландиаш 6595 метрро ташкил медиҳад.
Гармо яке аз баландтарин қуллаҳои Тоҷикистон ва Помир маҳсуб ёфта, дар минтақаи кӯҳӣ ва душворгузар қарор дорад.
Қуллаи Гармо ҳамеша барфпӯш буда, манзараҳои зебояш мавриди таваҷҷуҳи ҳамешагии сайёҳон аст.
Таҳияи Муҳаммад АМИН
ШОҲБУЛУТ
Асрори як дарахт
Аввали солҳои 80-уми асри ХХ кормандони ҷангали ИМА дар сарҳади иёлатҳои Ҷорҷия ва Алабама ҳангоми буридани дарахти шоҳбулут ҷасади мумиёшудаи саги шикориро пайдо карданд, ки аз солҳои 60-ум дармондааст.
Биологи Донишгоҳи Флоридаи Ғарбӣ Кристина Килгроув ин воқеаи аҷибро шарҳ дода, гуфтааст, ки тайи солҳои зиёд сабаби хуб ҳифз шудани ҷасади саг маҳз дарахти шоҳбулут аст ва он аз моддаҳое иборат мебошад, ки ҷисмро аз вайроншавӣ эмин медоранд.
Тавре шабакаи иттилоотии “360” хабар медиҳад, кормандони ҷангал ҷасадро ҳамчун воқеаи нодири табиӣ ба осорхонаи Ҷангали ҷанубии шаҳри Вейкросс супурданд.
Таҳияи З. РАҶАБ
15 ҒОРИ ҶОЛИБТАРИН ДАР ҶАҲОН
9. ҒОРИ КАБУД (Blue Grotto), (Италия)
Ғори Кабуд макони машҳурест дар ҷазираи Капри (Италия), ки ба худ сайёҳони зиёдро ҷалб менамояд. Он бо оби каб-кабуди худ бинандаро ба ҳайрат меорад, ки ба воқеияти он бовар кардан душвор аст.
Беҳтарин вақт барои боздид аз Ғори Кабуд аз соати 12 то 14-и рӯз ба ҳисоб меравад. Яъне, вақте ки Ғори Кабуд ҳадди ақал аз нури Офтоб баҳра мебардорад. Аммо барои дар навбат наистодан, бояд субҳи барвақт роҳи онро пеш гирифт.
Таҳияи Матлубаи АБДУҚАҲҲОР
ВАРЗИШҲОИ ҒАЙРИОДӢ
КИРМ
Мусобиқаи ғайриодӣ дар Британияи Кабир
Дар Британияи Кабир, ҷамъоварии кирм расман ҳамчун варзиш эътироф мешавад. Аз ин рӯ, ҳар сол дар Графигарии Чешир Чемпионати ҷаҳон оид ба ҷамъоварии кирм баргузор мешавад. Қоидаҳо хеле содаанд. Ба варзишгар замини 3x3 метр ҷудо мешавад ва ӯ бояд дар давоми 30 дақиқа ҳарчи бештар кирмҳоро ҷамъ оварад.
Таҳияи У. САФАРАЛӢ
ДУ ҶАНГАЛИ КАЛОНТАРИН
Бино ба хабари сомонаҳои интернетӣ, ҷангалзори тайгаи Сибир (Россия) калонтарин бешазори ҷаҳон ба шумор меравад. Масоҳати он беш аз 15 миллион километри мураббаъро дар бар мегирад, ки тақрибан 27 дарсади тамоми ҷангалзори саёраро ташкил медиҳад.
Ҷангалзори Амазонка (қисми зиёдаш дар Бразилия ҷойгир аст) бошад, бо масоҳати беш аз 5,5 миллион километри мураббаъ калонтарин бешазори тропикӣ дар олам шинохта мешавад.
Таҳияи Далер ИБРОҲИМЗОДА
КИШВАРИ ВЕЛОСИПЕД
Тибқи навиштаи сомонаҳои интернетӣ, дар олам Нидерландро на танҳо чун кишвари тюлпанҳо, инчунин, ба сифати мамлакати велосипедҳо низ эътироф мекунанд.
Зикр мегардад, ки ба ҳар сари аҳолӣ 1,3 велосипед рост меояд: аҳолӣ 17,5 миллион, велосипед беш аз 23 миллион.
Таъкид мешавад, ки барои велосипедҳо, ҳатто, дар пойтахти он шаҳри Амстердам таваққуфгоҳҳои зеризаминӣ, дуошёна ва автоматикӣ бунёд кардаанд.
Таҳияи Нушофарин АБДУЛЛОЗОДА
ҲАМДИГАРФАҲМӢ
Дар Ҷопон онҳое, ки барвақттар ба кор меоянд, мошини худро дар таваққуфгоҳи дуртар аз ҷои корашон мегузоранд, то ба онҳое, ки дертар ба кор меоянд, имконият диҳанд, сари вақт ба кор бирасанд. Инро ҳамдигарфаҳмӣ меноманд.
Таҳияи Дарвеш ҚУРБОНОВ
ФАКТҲОИ ҶОЛИБ
Ангус Барбери шотландӣ 382 рӯз хӯрок нахӯрда, 125 кг вазн мепартояд. Ӯ барои гуруснагиро эҳсос накардан, танҳо чойи сиёҳ, қаҳва ва витаминҳоро истеъмол мекард.
* * *
Сокини Бразилия Уолтер Ортманни 100-сола ҳангоми дар ҳаёт будан, чун шахси куҳансолтарине, ки дар як муассиса 84 солу 9 рӯз кор кардааст, ба «Китоби рекордҳои Гиннесс» ворид гардида буд.
* * *
Асалро ба кӯдакони то яксола додан мумкин нест, зеро ин метавонад боиси ботулизм (бемории вазнини системаи асаб)-и онҳо гардад.
Таҳияи М. ОДИНАЕВА
ДАЛЕЛҲОИ ҶОЛИБ ДАР БОРАИ ФУТБОЛ
Нишонзанҳои беҳтарин дар таърихи Чемпионати ҷаҳон
4. Жюст Фонтени фаронсавӣ дар шаш бозии Чемпионати ҷаҳони соли 1958 13 гол ва Лионел Месии аргентинӣ дар 26 бозии панҷ Чемпионати ҷаҳон (2006, 2010, 2014, 2018, 2022) 13 гол задааст.
5. Пелеи машҳури бразилӣ дар 14 бозии чор Чепионати ҷаҳон (1958, 1962, 1966, 1970) 12 гол ва Килиан Мбаппеи фаронсавӣ низ дар 14 бозии ду Чемпионати ҷаҳон (2018, 2022) 12 гол задааст.
(давом дорад)
Аз русӣ тарҷимаи Иброҳими САЙФУЛЛО
