Мулоқоти Файзалӣ Идизода бо сафири Озарбойҷон
Раиси Маҷлиси намояндагон Файзалӣ Идизода бо сафири фавқулода ва мухтори Озарбойҷон дар Тоҷикистон Алимирзамин Гаввамоғлу Аскаров мулоқот намуд.
Таъкид гардид, ки вакилони парламентҳои ҳар ду давлат метавонанд дар рушди муносибатҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ, гуманитарӣ, фарҳангӣ, қонунгузорӣ ва дигар соҳаҳо саҳми арзанда гузоранд. Аз ин рӯ, табодули таҷрибаи вакилони ду кишвар ба нафъи тарафҳо буда, ба пешрафти фаъолият дар ҳамаи соҳаҳо мусоидат менамояд.
«Пули эътимод ва рушд». Форуми байналмилалии Тоҷикистону Эрон
Бо ташаббуси Вазорати молия ва иштироки ҳайати Созмони коғазҳои қиматнок ва биржаҳои Ҷумҳурии Исломии Эрон таҳти роҳбарии раиси раёсати Созмон Ҳоҷатуллоҳ Саидӣ дар шаҳри Душанбе Форуми байналмилалии «Пули эътимод ва рушд» баргузор шуд.
АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ки дар Форум масъалаҳо вобаста ба таъсиси гурӯҳи корӣ барои таҳияи лоиҳаҳои пилотӣ, рақамикунонии инфрасохтори платформаи савдо, ҳамчунин, имконияти табодули мунтазами коршиносон ва эътирофи тахассуси касбии мақомоти танзимкунандаи ду мамлакат мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Масъалаи татбиқи лоиҳаи GIGA баррасӣ гардид
Масъалаҳои марбут ба амалисозии лоиҳаи GIGA, ки ҳадафаш пайваст намудани муассисаҳои таълимӣ ба шабакаи интернет, густариши имкониятҳои рақамӣ барои ҷавонон ва соҳаи маориф мебошад, дар мулоқоти раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Султон Раҳимзода бо намояндагони Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) баррасӣ шуд.
АМИТ «Ховар» иттилоъ додааст, ки дар мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои амалисозии лоиҳаи GIGA-ро баррасӣ карданд.
Роҳбарияти Кумита омодагии Тоҷикистонро барои тақвияти ҳамкории судманд бо ЮНИСЕФ ва дигар шарикони байналмилалӣ барои татбиқи навовариҳо ва рушди сармояи инсонӣ таъкид сохт.
Тақвияти ҳамкории Тоҷикистон бо Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ
Сафири фавқулода ва мухтори Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария Шараф Шерализода бо Котиби генералии Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ Шайха Насер ан-Новаис вохӯрд.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо тақвияти ҳамкории Тоҷикистон бо Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ дар дарёфти кумаки техникӣ, татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар сoҳаи сайёҳӣ ва гузарондани форумҳои байналмилалиро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Ҷалби сармояи АМА ба бахшҳои гуногун дар Тоҷикистон
27-уми октябр дар шаҳри Абу-Забӣ мулоқоти сафири фавқулода ва мухтори Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб Ашрафҷон Гулов бо мудири иҷроияи ширкати сармоягузории «Мубадала»-и Аморот Бахит ал-Касирӣ доир гашт.
Тавре АМИТ «Ховар» хабар додааст, зимни вохӯрӣ зарурати таҳкими мушорикат ва ҷалби сармоя дар бахшҳои энергетика, саноат, истихроҷи маъдан, нақлиёт, инфрасохтор, низоми бонкдорӣ, технологияҳои пешрафта, тандурустӣ ва рушди устувор таъкид шуд.
