ТОҶИКИСТОН КИШВАРИ ТАШАББУСКОР ДАР СОҲАИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ. БАРДОШТ АЗ КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ОИД БА ЗЕҲНИ СУНЪӢ – «AI CONF 2025»
25-уми октябр дар шаҳри Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ – “AI Conf 2025” баргузор шуд. Муовини якуми Сарвазири ҷумҳурӣ Ҳоким Холиқзода зимни суханронӣ иброз дошт, ки имрӯз ҷаҳони муосир ба марҳалаи нави илму техника ворид гаштааст ва зеҳни сунъӣ яке аз самтҳои муҳими иқтисоди рақамӣ ба шумор рафта, дар ҷаҳон ба таври бесобиқа рушд менамояд.
Таъкид гардид, ки дар Тоҷикистон бо дастгирии пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон экосистемаҳои зеҳни сунъӣ бо суръат рушд намуда, мамлакат ба минтақаи ҷолиб барои ҳамкорӣ бо ширкатҳои пешсафи ҷаҳонӣ табдил ёфтааст.
– Зеҳни сунъӣ танҳо воситаи ёридиҳанда набуда, он ба қабули қарорҳо ба нақшагирӣ, дар маҷмуъ, ба тамоми ҷанбаҳои ҳаёти инсон ворид шудааст. Мутобиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ то соли 2030 зеҳни сунъӣ метавонад ба афзоиши маҷмуи маҳсулоти ҷаҳонӣ саҳми назаррас гузорад, – изҳор дошт муовини якуми Сарвазир.
Дар идома таъкид шуд, ки Тоҷикистон дар минтақаи Осиёи Марказӣ кишвари ташаббускор дар соҳаи зеҳни сунъӣ ба ҳисоб меравад. Ҳанӯз дар соли 2022 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Стратегияи рушди зеҳни сунъӣ барои давраи то соли 2040» қабул гардид, ки аввалин санад дар минтақаи Осиёи Марказӣ мебошад. Ҳамзамон, соли равон бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон Қатъномаи махсуси маҷмаи умумии СММ «Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имкониятҳои нав барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ» қабул шуд, ки он аҳамияти ҷаҳонӣ дошта, мавқеи кишварро ҳамчун ташаббускори рушди зеҳни сунъӣ дар сатҳи минтақавӣ таҳким мебахшад. Дар назар аст, ки Маркази зеҳни сунъии Осиёи Марказӣ дар шаҳри Душанбе таъсис дода шавад.
Дар доираи татбиқи «Стратегияи рушди зеҳни сунъӣ барои давраи то соли 2040» дар Тоҷикистон беш аз 750 мутахассиси ҷавон омода карда шуда, беш аз 10 стартапи миллӣ таъсис ёфт, ки аксари онҳо дар бозорҳои байналмилалӣ ҷойгоҳи худро пайдо кардаанд. Инчунин, ба барномаҳои таълимии 10 донишгоҳи ҷумҳурӣ ихтисоси зеҳни сунъӣ ворид карда шуда, татбиқи Стратегия дар 100 муассисаи таҳсилоти мамлакат оғоз гардидааст, ки қадами нав дар низоми маориф мебошад.
Дар доираи Конфронс Консорсиуми сармоягузории минтақаи зеҳни сунъӣ, ки ширкатҳои пешбари байналмилалиро дар соҳа муттаҳид мекунад, имзо шуд. Ин лоиҳа барои таъсиси аввалин минтақаи махсуси ҷаҳон аст, ки пурра ба таҳияи барномаҳо ва роҳҳои ҳалли зеҳни сунъӣ нигаронда шудааст. Он ҳамчун як иттиҳоди идоракунанда ширкатҳо, марказҳои тадқиқотӣ ва стартапҳоро муттаҳид мекунад, ки дар ташаккули экосистемаи нави технологӣ дар Тоҷикистон иштирок хоҳанд дошт.
Дар доираи омодагӣ ба оғози лоиҳа, бо ширкатҳои пешбари технологии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Амороти Муттаҳидаи Араб, Фаронса, Қатар ва Арабистони Саудӣ созишномаҳо имзо шуданд, ки таъсиси озмоишгоҳҳо ва марказҳои тадқиқотии зеҳни сунъӣ дар дохили минтақаро пешбинӣ мекунанд. Умуман, дар доираи Конфронс беш аз 20 созишномаи ҳамкорӣ дар самти зеҳни сунъӣ ба имзо расид.
Ҷумҳурии Тоҷикистон то имрӯз бо ширкатҳои байналмилалӣ, аз ҷумла «Scale AI», «Mistral AI», «Perplexity AI», «Presight» ва Шурои технологияи пешрафтаи АМА (ATRC) ҳамкорӣ мекунад, ки лоиҳаҳои миллии зеҳни сунъиро дар амал татбиқ менамоянд.
Умаралӣ САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”
