КӮШОНИЁН. БЕШ АЗ 22,7 ҲАЗОР ТОННА ПАХТА ҶАМЪОВАРӢ ШУД

28 октябр 2025, Сешанбе
15

Пахтакорони ноҳияи Кӯшониён ҳидоятҳои хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар хусуси оқилона истифода бурдани замин амалӣ намуда, натиҷаҳои баланди истеҳсолӣ ба даст оварданд.

Ба маълумоти сарраёсати Агентии омор дар вилояти Хатлон, пахтакорони ноҳия аз иҷрои нақша бо сарбаландӣ баромада, аз аввали мавсим то 27-уми октябр 22753,3 тонна “тиллои сафед” ба хирмани Ватан супурданд, ки 102,49 дарсади дурнаморо ташкил медиҳад. Самари бадастомада назар ба ҳамин давраи соли гузашта 9203,7 тонна зиёд мебошад. 
27-уми октябр раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ дар ҶДММ “Инвест-Котон”-и ноҳияи Кӯшониён ба пешқадамони хоҷагиҳои деҳқонии пахтапарвар сипоснома ва туҳфаҳои пуливу хотиравӣ супурд.
Дар маҷмуъ, пахтакорони вилоят ба ҳолати 27-уми октябр 241335,1 тонна пахта ҷамъоварӣ намудаанд, ки 95 дарсади дурнамои солона аст.
Дар ин бора ба хабарнигори рӯзномаи “Ҷумҳурият”, мудири шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон Рустамшо Ҷаҳонгир иттилоъ дод.


Кароматулло АТО,
«Ҷумҳурият»

Санаи нашр: 28.10.2025 №: 209